Олимон муайян намуданд, ки сироятёбӣ аз коронавирус дар автобус зиёд аст

Сентябрь 3, 2020 13:07

ДУШАНБЕ, 03.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Чин мусофири мубталои  коронавирус 24 нафар ҳамсафарашро дар автобус сироят кардааст. Ин имкони интиқоли коронавирусро на танҳо тавассути микроқатраҳо, инчунин тавассути ҳаво исбот мекунад, мегӯянд мутахассисони Донишгоҳи иёлоти Ҷорҷия ва марказҳои таҳқиқотии  Чин. Тавре ки  АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, ин таҳқиқот дар маҷаллаи JAMA Internal Medicine нашр шудааст.

Моҳи январи соли 2020, то ҷорӣ намудани чораҳои фосилагирии  иҷтимоӣ, дар шарқи Чин гурӯҳи 128-нафараи бутпарастон дар ду автобус ба сафари панҷоҳдақиқаӣ баромада буд. Як зани мусофири   яке аз автобусҳо гирифтори коронавирус будааст, вале дар ин бора ҳанӯз худаш иттилоъ надоштааст. Ҳеҷ касе аз мусофирон ниқоб надоштаанд.

Муддате чанде пас аз сафар, дар вуҷуди 24 мусофире, ки ҳамроҳи зани мубталои коронавирус дар як автобус буданд, инчунин дар бадани ҳафт нафари дигар, ки он рӯз дар маросим бо ӯ тамос доштанд, уфунати коронавирус ошкор гардид.

Дар ин ҳолат фосилаи мусофирон аз манбаи сироят нақше надоштааст — ҳатто одамоне, ки ҳафт қатор дуртар аз бемор нишаста будаанд, сироят ёфтаанд. Аммо, хатари сироятёбӣ барои мусофироне, ки дар назди тирезаҳо ё дарҳои автобус нишаста будаанд, коҳиш ёфта  будааст.

Натиҷаҳои таҳқиқот маълумотро дар бораи он ки коронавирус метавонад на танҳо тавассути микроқатраҳо, балки тавассути ҳаво низ интиқол ёбад, тасдиқ мекунанд, зикр  мекунанд олимон. Иморати танг ва таҳвияи нокифояи он хатари  сироятёбиро хеле зиёд мекунад.

                                                                        АКС: Reuters

Сентябрь 3, 2020 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид