Пахтакорони ноҳияи Ҳамадонӣ ҳар рӯз ба хирман 215-220 тонна «тиллои сафед» месупоранд
ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имсол дар майдони 5874 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 200 гектар зиёд мебошад. Деҳқонони ноҳия суръати ғунучини пахтаро рӯз то рӯз тезонда, ҳар рӯз ба хирмани ноҳия 215-220 тонна «тиллои сафед» месупоранд.
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Маҳдӣ Орифзода иброз дошт, ки риояи дурусти талаботи агротехникӣ, истифодаи тухмии хушсифат ва серҳосил, коркарди байни қаторҳо, анҷоми саривақтии дигар корҳои агротехникӣ барои нашъунамои хуби пунбадона ва фаровонии ҳосил таъмин намуд.
Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, соҳаи кишоварзӣ асоси пешбурди иқтисодиёти он маҳсуб мешавад. Соҳаи кишоварзӣ аҳамияти на танҳо иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад, зеро бештари аҳолии қобили меҳнат ба он машғул мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар ноҳия кишти зироати асосӣ- пахта дар майдони 5606 гектар гузаронида шуда, истеҳсоли он ба 12 806 тонна расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 3450 тонна ё 36,9 фоиз зиёд буд.
АКС аз манобеи боз








Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд






