Пешгӯии Агентии обуҳавошиноӣ ва ҳушдори КҲФ: дар Тоҷикистон вазъи ҳаво якбора тағйир меёбад

Сентябрь 28, 2020 09:21

ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи пешгӯиҳои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз 28 то 30 сентябр дар шаҳру навоҳии мамлакат вазъи ҳаво якбора тағйир ёфта, фаромадани ҳарорати ҳаво ва боридани боронҳои шиддатнок  дар назар дошта шудааст.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки ҳангоми боридани борони бошиддат дар кӯҳҳо баъзе ҳодисаҳои табиӣ  рух  медиҳанд. Асосан дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтимоли фаромадани сангрезӣ ва дар баъзе аз минтақаҳо фаромадани лойоба низ пешгӯӣ  карда мешавад.

Дар робита  ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва  мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба аҳолӣ  ҳушдор дода, ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки аз 28 то 30 сентябр  аз роҳандозии корҳои саҳроӣ ва баромадан ба кӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Инчунин ронандагон низ дар ин рӯзҳо бояд аз сафар ба роҳҳои душворгузар худдорӣ кунанд.

Сентябрь 28, 2020 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд