Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро дар шаҳраки Ховалинг ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 25, 2020 18:01

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи  сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг  бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро  пас  азнавсозӣ  мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи мазкур ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, бо гузашти вақт ниёз ба таъмиру таҷдиди он пеш омад.

Навсозии бинои муассисаи таълимӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори  30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи соҳибкорони ватанӣ амалӣ карда шуд.

Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна ва  се бинои таълимӣ иборат буда, барои 1500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Масоҳати умумии замини муассисаи таълимӣ зиёда аз 1 гектар буда, биноҳои он масоҳати 4 ҳазору 400 метри мураббаъ  қомат афрохтааст.

Дар мактаб барои таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар тамоми  шароити зарурӣ  муҳайё карда шудааст.

Мактаб дорои 38 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия,  технологияи иттилоотӣ  ва 16  утоқи корӣ  мебошад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи мазкур  барои ҳайати 85-нафараи омӯзгорони  муассисаи таълимӣ низ шароити муосир дар самти тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ пурра фароҳам гардид.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, омӯзгоронро  барои равона намудани донишу маҳорати касбӣ ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ба хонандагон ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи онҳо барои азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

Имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ —  30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла дар деҳоти дурдаст  идома дорад.

Дар ноҳияи Ховалинг давоми ду соли  охир бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватанӣ 6 муасиссаи  таълимӣ бо зиёда аз 3  ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин дар 17 иншооти дигари соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 дар шаҳраки “Ховалинг” -и ноҳияи Ховалинг 25.09.2020

Сентябрь 25, 2020 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик