Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода ба Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ташриф оварданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.
Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода имрӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироат ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешаванд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни тайёр намудани мавиз, ки бо усули махсус сурат мегирад, шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки чунин тарзи хушк намудани ангур дар ҳамкорӣ бо деҳқонони ботаҷрибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба роҳ монда шуда, дар мамлакат таҷрибаи аввалин ба шумор меравад.
Нахуст дар оби ҷӯшомада маҳлули ишқор илова карда мешавад ва баъд ду хӯшаи ангури ба ҳам пайваст ба муддати аз 2 то 3 дақиқа дар он нигоҳ дошта шуда, сипас овезон карда мешавад.
Муҳлати тайёр шудани мавиз бо чунин усул аз 10 то 15 рӯзро дар бар гирифта, нигоҳубини махсусро талаб мекунад. Пас аз сипарӣ шудани ин муддат донаҳои мавиз ҷудо карда шуда, дар ҷойи муайян то хушк шуданаш бо усули хос нигоҳ дошта мешаванд.
Бо дарназардошти таҷрибаи аввалин будан деҳқонон имсол 10 тонна ангури навъи “сиёҳи бе дона” ва “чиликӣ” — ро дар масоҳати 1 гектару 31 садяк замин тайёр намудаанд. Аз ин миқдор ангури овезонкардашуда 2 тонна мавизи хуштамъу босифат ҷамъоварӣ мегардад.
Ин навъи мавиз бо ду усул — офтобӣ ва соягӣ омода карда мешавад. Бо дарназардошти иқлим ва шароити мусоиди мамлакат заҳматкашони Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” усули офтобиро интихоб намудаанд. Ба ақидаи онҳо мавизи дар офтоб хушк кардашуда назар ба усули соягӣ зудтар омода мегардад ва хуштамъу босифат аст.
Ҳамзамон маълумот дода шуд, ки ҳангоми тайёр намудани чунин мавиз ягон маҳлули кимиёвӣ истифода намегардад ва он аз лиҳози экологӣ тозаву безарар буда, ҷавобгӯй ба талаботи бозори ҷаҳонист.
Ҳадафи ба роҳ мондани хушкнамоии ангур бо чунин тарзу усул- ин рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсолии ватанӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз ҷараёни бо усули нав хушк намудани ангур дар хоҷагии мазкур иқдоми соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонда, баҳри тақвият додани он ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Бояд гуфт, ки 4 бародар аз оилаи Раҳматуллоевҳо бо маслиҳати падарашон ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ ба тайёр намудани мавиз бо чунин усул машғул гардидаанд.
Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” дорои 2 гектару 75 садяк замин мебошад, ки аз ин беш аз 1 гектару 30 садяк заминро масоҳати ангурбоғ ва боқимондаро кишти картошка, бодиринг ва помидор дар бар мегирад.
Ба ҳамин тартиб ҳар китъа замини хоҷагӣ самаранок истифода шуда, маҳсулоти кишоварзӣ фаровон истеҳсол мегардад.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд






