Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон»-ро дар ноҳияи Мӯъминобод ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 25, 2020 09:11

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод марҳилаи аввали Маҷмааи сайёҳии  “Чилдухтарон”-ро ифтитоҳ карданд.

Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” бо тарҳу намои муосир ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи сохтмонӣ дар муҳлати як сол бунёд гардида, дар он 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар дохили маҷмааи сайёҳии “Чилдухтарон” меҳмонхонаи панҷошёнаи “Чилдухтарон” бо шароити муосири хизматрасонӣ бунёд шудааст, ки дар як вақт имкони қабули сад нафарро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхонаи нав, ки дар қалби кӯҳ сохта шудаанд, дар шаклҳои мухталиф бунёд гардида, хизматрасонӣ дар онҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст.

Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи масъулини ширкати “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” дар оянда бо истифода аз боду  ҳавои нотакрори ин мавзеъ марҳилаи дуюми маҷмааи сайёҳии Чилдухтарон бунёд мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки рушди инфрасохтори ноҳия ва ба талаботи сайёҳӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ноҳияи Мӯъминобод дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди туризми кӯҳӣ, варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад. Минтақаҳои “Чилдухтарон” ва “Чашмаи ҷӯшон” барои тамошои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққат аст.

Дар ҳамин мавзеъ ширкати “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” ҷиҳати тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ дар шафати меҳмонхона барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ хонаҳои гуногун бунёд кардааст. Дар ин хонаҳо, ки барои будубоши сайёҳони дохиливу хориҷӣ пешбинӣ гардидаанд, ҳамаи шароит фароҳам аст.

Дар маҷмӯъ бо иловаи ба истифода додани ин хонаҳо, дар мавзеи Чилдухтарон барои қабули 150 сайёҳ имконияти сатҳи баланди пазироӣ фароҳам оварда шуд.

Мавзеи Чилдухтарон бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффояш қалби сайёҳонро тасхир намудааст. Ин мавзеи зеборо ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ орзуи дидан доранд.

Бо пайравӣ аз ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат дар мамлакат сохтмони иншооти гуногун вусъат меёбад, ки ҳадаф фароҳам овардани шароити арзанда дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мебошад.

Мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои таърихӣ ва деҳоти дурдасти мамлакат, ки дар гузашта чандон шароити мусоид надоштанд, бо таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории шахсони ватандӯст ободу зебо мегарданд ва дар он инфрасохтори зарурӣ барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ сохта мешавад.

Ифтитоҳи Маҷмааи сайёҳии “Чилдухтарон” дар ноҳияи Мӯъминобод 25.09.2020

Сентябрь 25, 2020 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд