Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восеъ Саноат»-ро дар ноҳияи Восеъ ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 24, 2020 08:11

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восеъ Саноат”-ро барои истеҳсоли шифери азбестӣ ифтитоҳ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пардабардорӣ ва пахши тугма ба фаъолияти корхона оғоз бахшида, бо иқтидор ва имконоти истеҳсолии коргоҳи навбунёд аз наздик шинос шуданд.

Дар ҷараёни сохтмон ва васлу насби таҷҳизот, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, қариб 10 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

Айни ҳол дар корхона 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо иқтидори истеҳсолӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона давоми як шабонарӯз аз 1000 то 1200 дона шифери азбестӣ истеҳсол мешавад.

Иқтидори солонаи тавлидоти маҳсулот бо дарназардошти талабот ва фармоиш 100 ҳазор дона шифери азбестиро дар бар мегирад.

Корхонаи истеҳсоли шиферҳои азбестӣ тавассути технологияи компютерӣ идора шуда, маҳсулоти он аз рӯи услуби хос омода мешавад, ки сифати баландро соҳиб аст.

Масалан, баъди омезиши ашёи хом ва коркарду башаклдарорӣ аллакай маҳсулоти тайёр дар зарфи махсус бо истифода аз об мустаҳкам гардонида мешавад.

Корхонаи истеҳсоли шиферҳои азбестӣ бо истифодаи буғхонаи махсус амал намуда, сарфаҷӯии неруи барқро  таъмин менамояд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳамагӣ 20 фоиз аз маҳсулоти воридотӣ истифода гардида, 80 фоизи ашёи хом бо такя ба маҳсулоти ватанӣ таъмин карда мешавад.

Дар марҳилаи аввал корхона танҳо ба истеҳсоли шиферҳои азбестӣ нигаронида шудааст. Тибқи иттилоъ, дар оянда дар заминаи тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва ҷорӣ кардани хатҳои иловагӣ талаботи сокинони шаҳру ноҳияҳо ба маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз 1993 то соли 2020 ба ноҳияи Восеъ 16 маротиба сафар намудаанд.

Дар заминаи ин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи рушд сурат гирифт, дар 5 ҷамоату шаҳраки ноҳияи Восеъ зиёда аз 30 иншооти таъйиноти гуногун бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шудаанд, ки муддатҳои тӯлонӣ ба халқ хизмат хоҳанд кард.

Ба истифода додани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восеъ Саноат” дар ноҳияи Восеъ 24.09.2020

Сентябрь 24, 2020 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон