Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири ҶСК «Авитсенна»-ро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 18, 2020 08:56

ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҷавонон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Авитсенна” оғоз бахшиданд.

Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 35 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, ёгурт, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб, маска ва дигар навъи маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Ҳисор дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат аз тарафи ширкати “Авитсена” бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2017 оғоз шуда, дар он чанд нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин гардида буданд. Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои Германия, Россия ва Туркия ворид ва васлу насб гардидаанд.

Дар корхона барои коркард ва зихира намудани маҳсулот дегҳои аз 1 то 10-тоннагӣ мавҷуд мебошанд.

Корхона дорои анбори ҷавобгӯ ба талаботи нигоҳдории маҳсулоти ширӣ буда, истеҳсолоти он тавассути се адад воситаи нақлиёти махсусгардонидашуда ба нуқтаҳои фурӯш дастрас карда мешаванд.

Баъди ифтитоҳи корхонаи нави саноатӣ 48 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Иқтидори истеҳсолии Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ 40 тонна дар як шабонарӯз ва дар як моҳ то 1200 тонна маҳсулоти шири аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат мебошад.

Зимни шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона таҳти номи “Авитсена Милк” дар зарфҳои 200, 250, 350, 450 ва 500-грамма дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, сипас тариқи шартномаҳои тарафайн ба кишварҳои ҳамсоя содирот мегардад.

Дар назди Корхонаи коркарди маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Авитсена” сехи истеҳсоли зарфи маҳсулоти ширӣ низ ба роҳ монда шуда, бо шакл ва андозаҳои гуногун бароварда мешавад. Барои истеҳсоли зарфҳо ашёи хом аз кишварҳои хориҷӣ дастрас карда мешавад.

Феълан шири корхона аз фермаи моли худӣ дастрас шуда, дар назар аст, ки барои фаъолияти мунтазами корхона бо сокинони маҳаллӣ низ шартномаҳои дахлдор баста шаванд.

Маҳсулоти дастрасшуда қабл аз коркард дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст, мавриди санҷиши пурра қарор дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот дар ҳаминҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан карданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири ҶСК “Авитсенна” дар шаҳри Ҳисор 18.09.2020

Сентябрь 18, 2020 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Пешвои миллат: «Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншоот бунёд ва навсозӣ гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд