Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди «Чилдухтарон-Ховалинг»-ро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 25, 2020 09:09

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 24 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паҳндараи деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод роҳи мошингарди “Чилдухтарон-Ховалинг”-ро ифтитоҳ карданд.

Роҳи мошингарди “Чилдухтарон-Ховалинг” аз иқдомоти шоистаи сокинони бо нангу ори ноҳияи Мӯъминобод мебошад, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз моҳи октябри соли 2019 бо саҳми оилаи Амировҳо сохтмони роҳи мошингарди “Чилдухтарон-Ховалинг” оғоз гардида, бо дароозии 12 километр ба анҷом расонида шуд.

Бунёди ин қитъаи роҳ орзуи деринаи бошандагони қариб 20 деҳаи ин мавзеъ аст, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани он рафтуомад тариқи ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинг қариб 70 километр кӯтоҳ шуд.

Бунёди роҳи мошингард аз мавзеи Чилдухтарон то ноҳияи Ховалинг барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқ имкониятҳои фарох фароҳам оварда, сайёҳони дохилию хориҷӣ дар баробари тамошои манзараҳои нотакрору дилфиреби Сари Хосор, Балҷувон, Кангурт, Хуррамшаҳр, Ҳулбук, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ҳамчунин бо урфу одат, суннату оинҳои мардумӣ ва таьриху фарҳангии пурғановат мардуми тоҷик шинос хоҳанд шуд.

Роҳи нав аз минтақаи сайёҳии Чилдухтарон, ки дар доманаи кӯҳҳои сарбафалаки сабзпӯш, манзараҳои дилфиребу нотакрор, анбӯҳи дарахтони мева ва гулу гиёҳҳои назаррабо мегузарад. Ин масир василаи ҷалби сайёҳон гардида, ба рушду инкишофи минбаъдаи ин минтақаи зебои диёр замина хоҳад гузошт.

Роҳи мошингард бо дарназардошти мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофиаш оянда дар бунёди инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои мавҷудаи туристӣ нақши муассир гузошта, барои садҳо сокинони кӯҳистон ҷойи нави корӣ муҳайё месозад.

Бунёд гардидани роҳи мошингарди Чилдухтарон-Ховалинг имкон фароҳам овард, ки масофаи роҳ то ин мавзеъ 70 километр кӯтоҳ гардида, рафтуомади сокинону меҳмонон дар тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббуси оилаи Амировҳоро намунаи барҷастаи ватандӯстӣ маънидод карда, ба дастандаркорон арзи сипос намуданд.

Сокинон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхорию таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат дар самти ободу зебо намудани шаҳру ноҳияҳо ва дурдастарин деҳоти мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ карда, тадбирҳои муҳими ободониро василаи беҳтар шудани шароити зиндагии мардум маънидод карданд.

Президенти мамлакат дар маконе, ки тамоми табиати Чилдухтарон намоён аст, Кохи сайёҳӣ бо номи “Қадамҷойи Пешвои миллат” ифтитоҳ карданд.

Ин макон аз як манораи муҳташам иборат буда, аз он ҷо тамошои ин минтақаи дилфиреб имконпазир аст. Дар атрофи Кохи сайёҳӣ бунёдгарони иншоот ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан шинониданд. Гулу буттаҳои ҳамешасабз ба ин мавзеъ зинати дигар зам кардааст.

Чилдухтарон номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одамшаклеянд, ки асрори хоссаи худро доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд.

Дар асл ин пайкараҳои сангин барои ҳар тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Тибқи ривоятҳо, чил пайкараи сангии кӯҳи Чилдухтарон нишонаи покдомании занони тоҷик мебошад.

Дар ноҳияи Мӯъминобод ҷалби сайёҳон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ афзоиш ёфта, дар ин ҷо сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ ва табобатӣ ба роҳ монда шудааст.

Мӯъминободро диёри чашмасор ё ҳазорчашма низ мегӯянд. Захираҳои табиии ноҳия хеле зиёд буда, 138 навъи растаниҳои шифобахш, 45 навъи растании асаловар ва 98 навъи растании ғизоӣ шиносоӣ шудаанд. Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда, аз водиҳо то минтақаи кӯҳҳои баланд паҳн гардидааст, ки барои рушди сайёҳии шикорӣ хеле мусоид аст.

Сарвари давлат зимни боздид аз ин иншоот ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ташаббуси сокинони меҳанпарастро намунаи ибрат хонданд ва ба масъулони Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати фароҳам овардани чунин шароит дар дигар мавзеъҳои сайёҳии мамлакат тадбирандешӣ намоянд.

Ифтитоҳи роҳи мошингарди “Чилдухтарон-Ховалинг” 25.09.2020

Сентябрь 25, 2020 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Дар соҳили рости дарёи Сир ба дарозии 2 километр ва паҳноии 8 метр роҳрав сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
АЗ ФАЙЗИ ВАҲДАТ. Дар Бадахшон беш аз 200 маркази инкишофи барвақтии кӯдак фаъолият дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони биноҳои нави таълимию варзишӣ ҷараён дорад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони 211 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Дар Бохтар майдони назди муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ бозсозӣ мешавад
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Хоруғ – шаҳре, ки аз самари Ваҳдати миллӣ ҳар рӯзу ҳар соат шукуфонтар мешавад