Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шаҳраки варзиширо дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мавриди истифодабарӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳоти Лоҳутӣ шаҳраки варзиширо мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Шаҳраки варзишӣ аз ду майдони хӯрди футбол, толори теннис, шоҳмоту шашка, ду майдони волейбол, ҳавзи шиноварӣ, майдони обутоби бадан ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имкониятҳои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ дар он баҳои баланд доданд ва ҷавононро барои истифодаи мақсаднок аз имкониятҳои фароҳамшуда ҳидоят намуданд.
Маҷмааи нави солимгардонӣ дар мавзеи хеле мувофиқ бо тарҳи хеле зебо, бо дарназардошти талаботу меъёрҳои муосир дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Исмоил Садиров дар майдони 2 гектар замин бунёд гардидааст.
Бунёду ба истифода додани маҷмааи варзишӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои ҷавонони ноҳияи Ховалинг ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ноҳияи Ховалинг 61 майдончаи варзишӣ мавҷуд аст.
Соли 2019 дар ноҳия 6 майдончаи варзишӣ ва дар соли ҷорӣ 20 майдончаи варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар асоси нақша — чорабиниҳои таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз бунёди 11 майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг ба нақша гирифта шудааст.









Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






