Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кишоварз» дар ноҳияи Шаҳринав боздид намуданд

Сентябрь 30, 2020 08:47

ДУШАНБЕ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияи дорои масъулияти маҳдуди “Кишоварз” ташриф оварданд.

Дар ҷамъияти мазкур Сарвари давлат аз нашъунамои ниҳоли дарахтони себ дар боғи навбунёди интенсивӣ дидан намуда, ба ҷамъоварии ангур оғоз бахшиданд.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишоварз” дар ноҳияи Шаҳринав дорои 2574 гектар замин, аз ҷумла 145 гектар замини корами обӣ буда, ҳамасола хоҷагидорон номгӯйи гуногуни зироати кишоварзиро кишту парвариш мекунанд ва ба боғу токпарварӣ машғул мебошанд.

Масоҳати боғи интенсивии нав 2 гектарро ташкил медиҳад ва дар он ду навъи себ, аз ҷумла “Жармен”-и фаронсавӣ ва гардолудкунандаи навъи “Голден Дюшес” шинонида шудаанд.

Бо дарназардошти хурд будани ниҳолҳо ва бо мақсади истифодаи самараноки замин дар байни қаторҳо зироати кишоварзӣ, аз ҷумла дар масоҳати 1,5 гектар помидор, 15 садяк картошка ва 30 садяк сирпиёз кишт намуда, дар масоҳати 10 садяк гули садбарг шинонидаанд. Тибқи иттилоъ, ҳосилнокии помидор то ба имрӯз 600 сентнерро ташкил додааст.

Картошка ва сирпиёз дар хоҷагии мазкур кишти такрорӣ мебошад. Пеш аз картошка ва сирпиёз хоҷагидорон зироати ғалладонагӣ ва пиёз кишт намуда, ҳосили хуб ба даст овардаанд. Аз садбаргзор ҳар сол хоҷагидорон 20 ҳазор қаламча гирифта, барои сабзу хуррам гардонидани кӯчаву гулгаштҳои ноҳия истифода мебаранд.

Боғи ангур дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишоварз” 2 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин боғ ангури навъи “Ҳусайнии сиёҳ” парвариш карда мешавад. Ҳосили ҷамъоваришуда аз боғу токзори ҷамъият асосан дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта шуда, қисман ангур ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ҷумҳуриҳои ҳамсоя Афғонистону Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Қазоқистон содирот карда мешавад. Ҷамъият дорои сардхона низ ҳаст ва дар он ангуру дигар намуди мева ва ҳосили зироати кишоварзӣ барои давраи зимистону баҳор беталаф захира карда мешавад.

Соли гузашта токпарварони ҷамъият аз ҳар гектар 400-сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд, ки ба андешаи олимони соҳа, ин нишондод қобили қабул аст. Имсол низ ҳосил дар токзори мазкур фаровон мебошад.

Масоҳати умумии боғу токзор дар ҷамъияти мазкур 19,95 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 12 гектараш боғи ангур аст. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишоварз” 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, онҳо маоши хуб мегиранд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ хоҷагидорони ноҳия иштирок намуда, маҳсули меҳнати хеш, аз қабили ҳосили зироати ғалладонагӣ, сабзавот, полезӣ, картошка, зироати техникӣ ва ғайраро, ки давоми сол бо меҳнати ҳалол ба даст овардаанд, ба тамошо гузоштанд.

Ба маълумоти масъулони соҳа, имсол кишоварзони ноҳияи Шаҳринав дар масоҳати 9365 гектар, аз ҷумла 4380 гектар ғалладонагӣ, 1500 гектар сабзавот, 130 гектар полезӣ, 1000 гектар зироати техникӣ ва 334 гектар картошка кишт намудаанд. Дар ноҳия бо назардошти ҳосилхез будани замин кишоварзон аз як замин то 4 ҳосил ба даст меоранд. Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Шаҳринав дар масоҳати 1570 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз ин 200 гектарашро картошка ташкил медиҳад. Масоҳати боғу токзор 2480 гектар, аз ҷумла 690 гектар токзор ва боқимонда боғҳои тухмакдору донакдор мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати кишоварзони ноҳияи Шаҳринав баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, бештар намудани майдони кишт, аз ҷумла кишти такрорӣ ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ ҳидоят намуданд.

Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишоварз” дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020

Сентябрь 30, 2020 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон