Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дуоб-Р» оғозӣ расмӣ бахшиданд

Сентябрь 25, 2020 09:27

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дуоб-Р» оғози расмӣ бахшиданд.

Коргоҳи мазкур аз ду сехи коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорон Файзалӣ ва Ҳасанҷон Забировҳо таъсис дода шудааст.

Аснои шиносоӣ бо сехи коркарди маҳсулоти ширӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки тамоми техникаю дастгоҳҳои корӣ муосир буда, дар ин ҷо 12 намуди маҳсулоти ширӣ омода карда мешаванд. Дар як басти корӣ сехи мазкур имкон дорад то 5 тонна маҳсулоти ширӣ коркард намояд. Дар ноҳияи Мӯъминобод ин ягона коргоҳест, ки бозори маҳаллиро бо маҳсулоти ширӣ таъмин мекунад. Шир дар доираи шартномаи дуҷониба аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас карда мешавад.

Дастгоҳу технологияи сехи коркарди меваю сабзавот аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои омода намудани маҳсулоти ниҳоӣ дар сехи коркарди меваю сабзавот пурра ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, барои таъминот бо меваю сабзавоти тару тоза дар шафати корхона 2 гектар боғ бо 6 номгӯй меваҷот бунёд карда шудааст. Ҳосили бадастомада дар сехҳо коркард шуда, дар шакли консерва ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бароварда мешавад. Ҳамчунин меваю сабзавот аз хоҷагидорони ноҳия низ харидорӣ мегарданд.

Баъди ба истифода додани ин корхонаи саноатӣ 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд, ки аксарашон ҷавононанд.

Масоҳати умумии замини иншоот 6 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, майдони зери сохтмони корхонаҳо 2 ҳазор метри мураббаъ мебошад.

Дар атроф ва дохили корхона корҳои сабзазоркунӣ анҷом дода шуда, дар саҳни он гулу дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Мӯъминобод барои рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, дар ин раванд бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 19 коргоҳи хурду бузург ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 7 адади он фаъол гардонида шуда, дар боқимондаи онҳо корҳои созандагӣ идома доранд.

Ифтитоҳи корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва меваю сабзавот дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод 25.09.2020

Сентябрь 25, 2020 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд