Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои кӯдакистони «Кабутар»-ро барои 250 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳр бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии “Кабутар”-ро барои 250 нафар кӯдак дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қаблан дар ҳудуди маҳаллаи мазкур чунин кӯдакистони замонавӣ мавҷуд набуд.
Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, 11 синфхонаи барҳавои таълимӣ, ошхона, толори алоҳида барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию варзиши сабук ва утоқҳои корӣ иборат мебошад.
Корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2019 бо ҷалби беш аз 100 нафар мутахассису коргарони маҳаллӣ оғоз ёфта, он дар муҳлати 1 сол бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯй ба талабот мавриди истифода қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити синфхонаҳои таълимӣ ва дигар инфрасохтори бинои нави кӯдакистон, ки дорои таҷҳизоту лавозимоти муосир мебошад, шинос шуда, бо кӯдакони хуштолеи даврони истиқлол, ки имрӯз дар заминаи татбиқи иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат соҳиби чунин бинои муосири таълимӣ шуданд, суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Кӯдакистони хусусии “Кабутар” дар маркази шаҳри Ҳисор дар доираи иқдомҳои маорифпарваронаи Президенти мамлакат ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи бомароми “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ” аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Акрам Саидов ва Абдуразоқ Саидов бунёд гардида, дар заминаи муҳайё сохтани шароити мусоид 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар ин ҷо ба ҳар хонанда, ки дар маросими ифтитоҳи бинои нави кӯдакистон иштирок намуданд, аз номи Пешвои миллат шириниҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Таълимгирандагони ин даргоҳ ба Пешвои миллат, ки пайваста барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия тадбирҳои бетаъхир амалӣ менамоянд, изҳори миннатдорӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти мавҷудаи синфхонаҳои барҳаво, хобгоҳ ва толору утоқҳои корӣ ҷиҳати дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли ояндасози мамлакат дар шароити мусоид, беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, забондонӣ ва дигар самтҳои муҳиму мавриди таваҷҷуҳ ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Синфхонаи мусиқӣ, утоқҳои корию тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевонҳои либоснигоҳдорӣ ва ашёву лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Дар ин ҷо барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагони аз 1,5 то 6-сола мураббиёни ботаҷрибаи соҳимаълумот ҷалб карда шуда, таҳсил дар ду баст бо 3 забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Дар доираи корҳои ободонӣ роҳравҳои атрофи бинои кӯдакистон сафолакпӯш гардидаанд. Дар масоҳати умумии 780 метри мураббаъ майдончаи бозӣ ва истироҳат барои кӯдакон сохта шудааст, ки дорои 4 адад айвон ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошад. Барои зебову назаррабо гардидани саҳни бинои мазкур гулу буттаҳои рангоранг ва дарахтони ороишӣ шинонида шуда, деворҳои атрофи он бо тасвирҳои зебову диққатҷалбкунанда оро ёфтаанд.
Чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ, ки барои зебо гардидани намои шабонаи бино амалӣ карда шудааст, ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат, саҳми соҳибкорон ва амалишавии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ” дар марказ ва деҳоти шаҳри Ҳисор 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1 ҳазору 603 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд






