Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи заргарии «Одина»-ро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшиданд.
Коргоҳи заргарӣ “Одина” дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд карда шудааст.
Аснои шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти коргоҳ ва раванди истеҳсолоти маснуоти заргарӣ иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.
Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифташуда, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хӯрду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад.
Коргоҳи навтаъсис бо дастгоҳҳои махсуси коркарди маснуоти заргарӣ, ки истеҳсоли кишварҳои хориҷ мебошанд, таъмин карда шудааст.
Иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.
Дар атрофи бино зиёда аз 20 намуди ниҳолҳои ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шудааст, ки шаҳомат ва зебои биноро боз ҳам зиёдтар менамояд.
Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздик ба 35 нафар сокинони маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд, пас аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






