Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи Шӯро роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат-адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, хадамотҳои гумрук, алоқа ва зиддиинҳисорӣ ва директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», инчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Спитамен иштирок намуданд.
Муовини аввали Сарвазири мамлакат — Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид дар оғози ҷаласа зикр кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои муосири шарикӣ бо бахши хусусӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардида, дар ин раванд қонунгузории шарикии давлат ва бахши хусусӣ пурра ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд.
-Дар ин замина дар ҷумҳурӣ Шӯро оид ба шарикии давлат бо бахши хусусӣ таъсис дода шуд, ки лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо бахши хусусиро дар самти рушди инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ баррасӣ менамояд. Дар натиҷа давлат имрӯз метавонад боэътимод ба бахши хусусӣ уҳдадориҳои иҷтимоии худро вогузор созад,- афзуд муовини аввали Сарвазири мамлакат –Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид.
Ҳамзамон дар ҷаласа директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Котиби Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Абдухолиқ Холиқзода доир ба иҷрои протоколи ҷаласаи ёздаҳуми Шӯро гузориш дод.
Мавсуф афзуд, ки дар зарфи ҳафт соли охир дар ҷумҳурӣ заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ фароҳам оварда шуда, дар ин муддат 11 ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ гузаронида шуд ва 5 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо ҷалби беш аз 280 миллион сомонӣ сармояи бахши хусусӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ татбиқ шуда истодааст. Таъкид шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва татбиқи лоиҳаҳои шарикӣ уҳдадориҳои иҷтимоии давлат коҳиш дода шуда, беш аз 270 ҷойи кор ва зиёда аз 8,8 миллион сомонӣ ба буҷети давлат андоз пардохт гардид.
Дар ҷаласа пешниҳоди пешакии лоиҳаҳои «Таъсиси маркази таъмини асбоби тиббии бамаротиб истифодашаванда ва мониторинги сифати безараргардонӣ» ва «Таъсиси Маркази скрингии аввалияи бемории оташак» баррасӣ гардиданд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои то соли 2030, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» татбиқ карда мешаванд.
Дар ҷаласа доир ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба вазорату идораҳои марбута ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» супоришҳои мушаххас дода шуданд.










Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд






