Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар видеоконференсия бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ

Сентябрь 21, 2020 15:23

ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар видеоконференсия бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Бурҳониддин Раббонӣ ҳамчун шахсияти боматонат, таҳаммулгаро, инсондӯст, дурандеш ва сиёсатмадори варзида дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва берун аз он бо некӣ ёдовар шуда, нақши уро дар талошҳои пайгирона ба хотири истиқрори сулҳу оромӣ дар минтақа ва Афғонистон назаррас арзёбӣ намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои раёсати профессор Раббонӣ яке аз давраҳои мушкилтарини таърихи муосири Афғонистон ба ҳисоб рафта, Ӯ муддати 50 сол дар меҳвари равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фикрии кишвараш қарор дошт.

Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Раббонӣ ба унвони як сиёсатмадори шинохта дар раванди сулҳи тоҷикон саҳмгузор буд.

Бо ёдоварӣ аз муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихии ду кишвари ҳамҷавор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлуи ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошт ва минбаъд низ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи ин кишвари дӯсту бародар пуштибонӣ хоҳад кард.

Тоҷикистон ҷонибдори истиқрори сулҳ ва рушди иқтисодиву зербиноии Афғонистон мебошад, то ки тамоми мардуми ин кишвари бостонӣ дар фазои амну субот ва саодату рифоҳ зиндагӣ намоянд, таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми шарифи Афғонистон, ки чунин шахсиятҳои барҷаста, аз қабили профессор Раббонӣ дорад метавонад тақдиру ояндаи сарзамини куҳантаърихи худро ба даст гирифта, ба хотири расидан ба амнияти пойдор, сулҳу суботи устувор ва ободии кишвари худ пайгирона талош намояд.

Сентябрь 21, 2020 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд