Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе ба пасттар гардидани нархҳо мусоидат менамояд

Сентябрь 17, 2020 11:59

ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 сентябр то 11 октябри соли равон дар назди «Бозори Саховат», «Бозори Меҳргон», маҳаллаи Қарияи Боло, Боғи «Куруши Кабир» ва «Бозори Ховарон» бо мақсади таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.

Бо мақсади шинос шудан бо нархи маҳсулоти кишоварзӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар назди Боғи «Куруши Кабир»  дидан намуд. Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал сабзавоту меваҷот бо нархи  нисбат ба бозорҳои шаҳри Душанбе 20 фоиз арзонтар пешниҳод гардида буд. Агар нархи пиёз дар бозорҳои пойтахт  1 сомонию 80 дирам-2 сомонӣ бошад, дар ин макон нархи он 1 сомонӣ- 1 сомонию 30 дирамро ташкил медод. Инчунин дар ярмарка-фурӯш картошка 2 сомону 20 дирам, сабзӣ  аз 1 сомонӣ то 1 сомонию 50 дирам, сабзавот аз 1 сомонию 50 дирам то 3 сомонӣ, гӯшти гов 48 сомонӣ, гӯшти паранда 21 сомонӣ, тухм 0,60 дирам, шир 3 сомонӣ ва дигар намуди маҳсулот бо нархи аз бозор арзонтар пешниҳоди аҳолӣ  гардида истодаанд.

Cокини шаҳри Душанбе Зуҳро Фахриева иброз дошт, ки «баргузории чунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал барои буҷаи оила ва дастрасӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ заминаи хубест. Иқдоме, ки имрӯз амалӣ гардида истодааст, хеле хайрхоҳона аст. Давоми як моҳи баргузории ин ярмарка-фурӯш ҳар оила  метавонад маҳсулоти тару тозаро бо нархи арзон харидорӣ ва захира намояд».

Мавсуф зикр намуд, ки вай аз ин ярмарка  5 кг асали табиӣ ва сабзавот харидорӣ намудаааст.

Сардори шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳимов иброз дошт, ки «дар гӯшаҳои омоданамуда деҳқонон аз ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро пешниҳод менамоянд. Дар ин ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, тухм маҳсулоти полезӣ, гӯшти гов ва паранда,  мевагиҳо ва дигар намуди сабзавот бо нархҳои аз бозор 20 фоиз арзонтар пешниҳод гардидаанд».

Номбурда зикр намуд, ки ба ҳисоби миёна дар ярмарка-фурӯш   ҳамарӯза қариб 50 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ пешниҳоди мардум гардида истодаанд.

Тавре Роҳбари Ассотсиатсияи занбӯрпарварии ноҳияи Сангвор Давлатбек Ёров дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «аз 4 сентябр дар ин ярмарка-фурӯш иштирок дорам ва асали табиии ноҳияаамонро манзури мизоҷон  намуда истодаам. Маҳсулоти пешниҳоднамудаи мо аз нархи бозор 30 фоиз арзонтар аст. Агар нархи як килограмм асали табиӣ  дар бозорҳои шаҳри Душанбе то 100 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас асали ноҳияи Сангвор дар ин ярмарка бо нархи 40-50 сомонӣ фурӯхта мешавад».

Имрӯзҳо дар бозорҳои шаҳри Душанбе маҳсулоти тару тоза ва аз ҷиҳати табиӣ фоидабахш фаровон аст. Аммо харидорон аз гарон будани нархи онҳо шикоят мекунанд. Ин аст, ки аз ҷониби масъулини сохторҳои дахлдор ҳамарӯза бо фурӯшандагони бозорҳои пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, онҳоро ба риояи нархи аслии маҳсулоти хӯрокворӣ даъват мекунанд.

Сармутахассиси раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Исвализод иброз дошт, ки «бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди рақобатпазирӣ дар бозорҳои молӣ ва дар ин замина пешгирии болоравии сунъии нарх ва риояи нархгузорӣ, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он ҳамчун мақоми ваколатдор, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар самти танзими нарх дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ менамояд, пайваста дар шаҳру вилоятҳо мониторинги бозори молӣ гузаронида, ҳолати рақобатро дар онҳо таҳлил ва арзёбӣ менамояд».

Ҳамчунин ҷиҳати ба танзим даровардани нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимои зарурӣ дар бозорҳои мамлакат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 «Дар бораи номгӯи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ ба танзим дароварда мешаванд», қабул гардидааст, ки иҷрои он ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ гузошта шудааст.

Имрӯзҳо нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ дар бозорҳои мамлакат муътадил арзёбӣ мегардад. Хадамоти зиддиинҳисорӣ тибқи ваколати ба ихтиёрдошта болорави нархҳоро дар бозорҳо ба танзим дароварда, тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе низ маҳз бо мақсади танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил шудааст, то ба нархи маҳсулот дар бозорҳо таъсир расонад.

 

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2020 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ мегузарад
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд