Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе ба пасттар гардидани нархҳо мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 сентябр то 11 октябри соли равон дар назди «Бозори Саховат», «Бозори Меҳргон», маҳаллаи Қарияи Боло, Боғи «Куруши Кабир» ва «Бозори Ховарон» бо мақсади таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.
Бо мақсади шинос шудан бо нархи маҳсулоти кишоварзӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар назди Боғи «Куруши Кабир» дидан намуд. Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал сабзавоту меваҷот бо нархи нисбат ба бозорҳои шаҳри Душанбе 20 фоиз арзонтар пешниҳод гардида буд. Агар нархи пиёз дар бозорҳои пойтахт 1 сомонию 80 дирам-2 сомонӣ бошад, дар ин макон нархи он 1 сомонӣ- 1 сомонию 30 дирамро ташкил медод. Инчунин дар ярмарка-фурӯш картошка 2 сомону 20 дирам, сабзӣ аз 1 сомонӣ то 1 сомонию 50 дирам, сабзавот аз 1 сомонию 50 дирам то 3 сомонӣ, гӯшти гов 48 сомонӣ, гӯшти паранда 21 сомонӣ, тухм 0,60 дирам, шир 3 сомонӣ ва дигар намуди маҳсулот бо нархи аз бозор арзонтар пешниҳоди аҳолӣ гардида истодаанд.
Cокини шаҳри Душанбе Зуҳро Фахриева иброз дошт, ки «баргузории чунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал барои буҷаи оила ва дастрасӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ заминаи хубест. Иқдоме, ки имрӯз амалӣ гардида истодааст, хеле хайрхоҳона аст. Давоми як моҳи баргузории ин ярмарка-фурӯш ҳар оила метавонад маҳсулоти тару тозаро бо нархи арзон харидорӣ ва захира намояд».
Мавсуф зикр намуд, ки вай аз ин ярмарка 5 кг асали табиӣ ва сабзавот харидорӣ намудаааст.
Сардори шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳимов иброз дошт, ки «дар гӯшаҳои омоданамуда деҳқонон аз ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро пешниҳод менамоянд. Дар ин ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, тухм маҳсулоти полезӣ, гӯшти гов ва паранда, мевагиҳо ва дигар намуди сабзавот бо нархҳои аз бозор 20 фоиз арзонтар пешниҳод гардидаанд».
Номбурда зикр намуд, ки ба ҳисоби миёна дар ярмарка-фурӯш ҳамарӯза қариб 50 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ пешниҳоди мардум гардида истодаанд.
Тавре Роҳбари Ассотсиатсияи занбӯрпарварии ноҳияи Сангвор Давлатбек Ёров дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «аз 4 сентябр дар ин ярмарка-фурӯш иштирок дорам ва асали табиии ноҳияаамонро манзури мизоҷон намуда истодаам. Маҳсулоти пешниҳоднамудаи мо аз нархи бозор 30 фоиз арзонтар аст. Агар нархи як килограмм асали табиӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе то 100 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас асали ноҳияи Сангвор дар ин ярмарка бо нархи 40-50 сомонӣ фурӯхта мешавад».
Имрӯзҳо дар бозорҳои шаҳри Душанбе маҳсулоти тару тоза ва аз ҷиҳати табиӣ фоидабахш фаровон аст. Аммо харидорон аз гарон будани нархи онҳо шикоят мекунанд. Ин аст, ки аз ҷониби масъулини сохторҳои дахлдор ҳамарӯза бо фурӯшандагони бозорҳои пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, онҳоро ба риояи нархи аслии маҳсулоти хӯрокворӣ даъват мекунанд.
Сармутахассиси раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Исвализод иброз дошт, ки «бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди рақобатпазирӣ дар бозорҳои молӣ ва дар ин замина пешгирии болоравии сунъии нарх ва риояи нархгузорӣ, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он ҳамчун мақоми ваколатдор, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар самти танзими нарх дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ менамояд, пайваста дар шаҳру вилоятҳо мониторинги бозори молӣ гузаронида, ҳолати рақобатро дар онҳо таҳлил ва арзёбӣ менамояд».
Ҳамчунин ҷиҳати ба танзим даровардани нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимои зарурӣ дар бозорҳои мамлакат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 «Дар бораи номгӯи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ ба танзим дароварда мешаванд», қабул гардидааст, ки иҷрои он ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ гузошта шудааст.
Имрӯзҳо нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ дар бозорҳои мамлакат муътадил арзёбӣ мегардад. Хадамоти зиддиинҳисорӣ тибқи ваколати ба ихтиёрдошта болорави нархҳоро дар бозорҳо ба танзим дароварда, тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе низ маҳз бо мақсади танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил шудааст, то ба нархи маҳсулот дар бозорҳо таъсир расонад.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






