Татбиқи ду лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди устувори сайёҳӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид

Сентябрь 28, 2020 09:02

ДУШАНБЕ, 28.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ифтитоҳи марҳилаи аввали татбиқи ду лоиҳаи муштараки грантии Иттиҳоди Аврупо дар самти рушди устувори соҳаи сайёҳӣ бо иштироки намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайҳӣ хабар доданд.

Дар видеоконфронс ба таври фосилавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони Ассотсиатсияи дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон (АТҶАТ) ва Ассотсиатсияи ташкилоти хурди молиявии Тоҷикистон (АМФОТ) намояндагӣ карданд.

Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Франческо Страниер изҳор дошт, ки лоиҳаҳои «Ташаббуси сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Роҳи Абрешим: пайваст намудани бахши сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Осиёи Марказӣ ва бозори Аврупо» ва «Мусоидат ба самаранокии энергетикӣ ва истеҳсоли неруи барқи барқароршаванда дар бахши сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Осиёи Марказӣ» ба воситаи Дафтари Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд (АКТЕД) дар минтақа амалӣ карда мешаванд.

Намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалишавии чунин лоиҳаҳои ба рушди сайёҳӣ нигаронидашуда дар давраи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саривақтӣ буда, бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳии мамлакат шаҳодат медиҳад.

Дар шароити ҳукмронии буҳрони коронавирус ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳии мамлакат, хусусан дар самти рушди инфрасохтори неруи барқи таҷдидшавандаи аз ҷиҳати экологӣ бехатар дар водии Зарафшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бисёр муҳим буда, амалӣ намудани онҳо ба беҳтарсозии шароити иншооти сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Сентябрь 28, 2020 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид