Теъдоди сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон аз 26 млн зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон аз марзи 26 млн убур намуд. Ин маълумотро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) овардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
То ҳолати субҳи имрӯз теъдоди сироятёфтагон аз COVID-19 ба 26 млн 183 ҳазору 946 нафар расида, 867 ҳазору 370 тан ҷон бохтааст ва 18 млн 447 ҳазору 852 нафар шифо ёфтаанд.
Теъдоди бештари сироятёфтагон дар ИМА — зиёда аз 6,2 млн, Бразилия — 4 млн ҳолат сабт шудааст, дар Ҳиндустон — бештар аз 3,8 млн ва дар Россия зиёда аз 1 млн нафар ба қайд гирифта шудаанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 35 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии сироятёфтагон дар давраи аз 30 апрел то 2 сентябр ба 8654 нафар расидааст. Дар ҷумҳурӣ 7447 нафар ё 86,1% -и гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар айни ҳол, аз COVID-19 69 тан ҷон бохтааст, хабар дода буд дирӯз АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






