«Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ»- таҳти чунин унвон дар Суғд озмуни вилоятӣ доир мегардад

Сентябрь 30, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  эҳёи касабаҳои миллӣ дар байни ҳунармандони Суғд озмунҳои вилоятӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ, савғотии беҳтарин ба сайёҳон ва мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» гузаронида мешаванд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории озмунҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ ва намудҳои гуногуни он  дар вилоят,  муаррифии миллату давлати тоҷикон ба ҷаҳониён ва татбиқи босамари «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар вилояти Суғд мебошад.

Озмун аз рӯи мақолаи беҳтарин байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят гузаронида шуда, қабули мавод  то 23 октябри соли равон дар назар аст.

Сентябрь 30, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд