Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуданд

Сентябрь 1, 2020 12:55

ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Баъди таътили тобистона вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба кори худ шурӯъ намуданд. Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

«Айни замон  дар нуҳ кумита — оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, иқтисод ва молия, масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ,  энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва се комиссияи доимии вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қонунҳоро ҳамаҷониба омӯхта, ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ҳар ҳафта рӯзи душанбе баргузор мегардад, пешниҳод менамоянд», -афзуд Муҳамадато Султонов.

Сентябрь 1, 2020 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд