Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия роҷеъ ба масъалаҳои СҲШ ройзаниҳо баргузор карданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар шаҳри Москва байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ройзаниҳо доир гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба вазъ ва дурнамои рушди фаъолияти баъдии абзорҳои ҳамкорӣ дар СҲШ-ро дар шароити ҳолати кунунии эпидемиологӣ баррасӣ намуданд. Инчунин ҳамоҳангсозӣ дар мавриди иддае аз пешниҳодҳои кишварҳои узви Созмон сурат гирифт.
Ройзаниҳои мазкур мутобиқи Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2020 баргузор гардиданд.








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






