Маҳмадшариф Ҳақдод дар ҷаласаи навбатии Шӯрои доимии ИДМ ширкат варзид

Сентябрь 23, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод  дар назди  мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод таҳти раёсати Ӯзбекистон доир гардид. Дар ҷаласа  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Дар ҷаласа инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев (бо истифода аз конфронси видеоӣ), муовинони ӯ ва кормандони Кумитаи иҷроия ширкат варзиданд.

Намояндагони доимии кишварҳои Иттиҳод ҷараёни омодагиҳоро ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки мутаносибан 15-16 октябр дар шакли видеоконфронс баргузор мешаванд, инчунин масъалаи тартиби имзои шартномаҳои байналмилалӣ дар ин нишастҳо, ки бо ташаббуси Намояндагии доимии Россия ба рӯзнома шомил шудааст, баррасӣ намуданд.

Намояндагони доимӣ иттилоотро дар бораи саҳми амалии ташкилоти пойгоҳии дар доираи ИДМ таъсисёфта, инчунин шӯроҳои дар назди онҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар Иттиҳод ташкилшуда муҳокима карданд. Ба мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ тавсия дода шуд, ки ҳамкориро бо ташкилоти пойгоҳӣ ва шӯроҳои дар назди онҳо таъсисёфта тақвият диҳанд ва дар маҷлисҳои худ мунтазам дар бораи кори онҳо ҳисоботро шунаванд. Пешниҳод шуд, ки маълумот оид ба ин масъала дар сайти Кумитаи иҷроияи ИДМ интишор карда шавад.

Дар мулоқот инчунин ҷараёни татбиқи муқаррароти Созишнома дар бораи минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011 муҳокима шуд. Зарурати идомаи кори минбаъда ҷиҳати рафъи монеаҳои тиҷоратӣ байни тарафҳои  Шартнома зикр карда шуд ва он бояд яке аз шартҳои муҳимтарини рушди иқтисодӣ ва рушди савдои тарафайн гардад. Бо мақсади либерализатсияи минбаъдаи шартҳои тиҷорати мутақобила тасмим гирифта шуд, ки мониторинги ҷараёни иҷрои муқаррароти Шартнома ва кори таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи савдои озоди хидматрасонҳо  идома дода шавад.

Илова бар ин, аъзои Шӯрои намояндагони доимӣ масоили пешбарии номзадҳоро аз кишварҳои ИДМ ба мансабҳои Котиби генералӣ ва роҳбарони институтҳои САҲА ва корҳоеро, ки дар доираи татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум дар самти таъмиқи ҳамкорӣ байни Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Комиссияи иқтисодии АвруОсиёӣ аз 27 ноябри соли 2018 сурат мегирад, муҳокима карданд.

Инчунин дар ҷаласа номзадҳои роҳбарони намояндагиҳои нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябр ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Молдова 1 ноябри соли 2020 мувофиқа шуданд. Намояндагиро дар Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроия Сергей Лебедев ва дар Молдова муовини якуми ӯ Виктор Гуминский роҳбарӣ хоҳанд кард.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод 27 октябр ба нақша гирифта шудааст.

                                                АКС хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Сентябрь 23, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори департаменти робитаҳои давлатӣ ва байналмилалии ширкати Caterpillar мулоқот намуд
Ҷалби сармоягузории Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тошканд вохӯрии дуюми масъулини аршади Саммити «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» доир гардид