Юсуф Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод аз номи Пешвои миллат ба як қатор фаъолон мукофотҳои давлатӣ супорид

Сентябрь 6, 2020 10:11

ДУШАНБЕ, 06.09.2020/АМИТТ «Ховар»/. Ба муносибати 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ин ноҳия — Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юсуф Раҳмон ва Раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод хабар доданд

Юсуф Раҳмон сокинони ноҳияи Муъминободро бахшида ба ин санаи муборак табрик намуда, ҳозиринро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.

Сипас ӯ аз номи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор фаъолони ноҳия, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлдатӣ қадрдонӣ шудаанд, ин мукофотҳоро эъто намуд. Аз ҷумла, ба муовини Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода ва раиси хоҷагии деҳқонии «Ғринг», ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, медали «Хизмати шоиста» супорида шуд.

АКСҲО: МИҲД ноҳияи Муъминобод

Сентябрь 6, 2020 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон