Зиёда аз сесад нафар тоҷикон дар чорабинии маърифатӣ-таърихии умумироссиягии «Диктанти Ғалаба» ширкат варзиданд
ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар чорабинии маърифатӣ — таърихии умумироссиягии «Диктанти Ғалаба», ки соли дуюм инҷониб дар Россия ва дигар кишварҳои хориҷаи наздику дур бо мақсади ҷалби оммаи васеъ ба омӯзиши таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баланд бардоштани саводнокии таърихӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи хотираи ҷанг баргузор мешавад, зиёда аз сесад нафар тоҷикон ширкат варзиданд, хабар медиҳад намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон.
«Маҷмӯан, дар Тоҷикистон 349 нафар ба ин чорабинӣ ҳамроҳ шуданд ва аксарияти онҳо пештар аз вақти ҷудошуда — 45 дақиқа вазифаҳои худро иҷро намуданд», — хабар медиҳад манбаъ.
Яке аз вазифаҳои калидии ин чорабинии миқёсан бузурги таълимӣ ва таърихӣ ин барои иштирокчиёни диктант фароҳам овардани имконияти санҷиш ва дарёфти баҳои беғаразона барои донишашон дар бораи рӯйдодҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.
Зиёда аз сад нафар — омӯзгорон ва донишҷӯён дар заминаи шарикони намояндагии “Россотрудничество”: дар филиали душанбегии НИТУ «МИСиС» ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон «Диктанти ғалаба» навиштанд.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






