Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, Маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази нави ташхисию табобатӣ дар 3 ошёнаи аввали бинои 9-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Насим Мирпочоев таъсис ёфтааст.
Ҳадаф аз таъсиси марказ дастрасӣ ба хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ мебошад. Дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳа, аз қабили дастгоҳи магнитии резонансии томографӣ (МРТ), томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, ташхиси ултрасадо ва дигар технология, ки барои ташхиси дақиқу фаврии бемориҳои гуногун пешбинӣ шуда, истеҳсоли Ҷумҳурии Корея мебошанд, дастрас ва васлу насб гардидааст.
Тамоми технологияи марказро худи Насим Мирпочоев васл карда, нозукиҳои насби таҷҳизоти тиббиро дар хориҷи мамлакат омӯхтааст.
Маркази тиббӣ аз 10 утоқи барҳавои корӣ ва шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлил, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ иборат мебошад, ки табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони соҳибтаҷриба ба беморон бо усули замонавӣ хизмат мерасонанд.
Ҳамчунин барои ташхис ва табобати бемориҳои амрози занона дар марказ шароити арзанда фароҳам гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср” 5 ҳуҷра барои бистарӣ намудани беморон бо 10 кати хоб мавҷуд аст.
Мавриди зикр аст, ки солҳои пеш барои гузаронидани амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ сокинон ба хориҷи мамлакат сафар мекарданд, ки дар баробари вақти зиёд маблағи гарон низ сарф мегардид.
Фаъолияти маркази тиббӣ шабонарӯзӣ буда, рӯзҳои наздик ҷиҳати боз ҳам мукаммал намудани кору хизматрасонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид мегарданд, ки барои гузаронидани таҳлилҳои умумӣ, микробиологӣ, биокимиёвӣ ва амсоли ин пешбинӣ шудааст. Мутахассисон омодаанд бо истифода аз технологияи навин аксар намуди таҳлилҳоро гузаронанд. Бо ба фаъолият оғоз намудани боз як маркази нави тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд, ки чанде аз онҳо табибони ҷарроҳи тоҷик мебошанд, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил ва фаъолият намуда, дорои малакаи баланди касбӣ мебошанд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар маркази муосири ташхисию табобатӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати таъсиси иншооти муосири тиббӣ, ки барои мукаммал намудани соҳаи тандурустӣ ва ба ин восита хизматрасонии беҳтар ба сокинон пешбинӣ шудааст, изҳори сипос намуданд.









Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Маҷмааи муҷассамаи «Қаҳрамонҳои миллӣ»-и Чин дар Пекин гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот намуданд






