ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор 375 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтанд

Октябрь 9, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 767 иншооти ҷашние, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии   Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёд мегарданд, то имрӯз беш аз 375 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳри Ҳисор бо  меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ дар ободонии маҳалли зисти худ саҳми шоиста мегузоранд. Ин аст, ки бо мақсади рушди деҳот дар маҳаллаву деҳаҳо бунёди корхонаву муассисаҳои     таълимию табобатӣ, иншооти таъминкунандаи ниёзҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таъмиру роҳу пулҳо ба нақша гирифта шудааст.

Сокинони шаҳр, хусусан соҳибкорони маҳаллӣ  азм доранд, ки дар ободонӣ ва хуррам гардонидани деҳоту маҳаллаҳои шаҳр нақши бориз гузоранд.

Раванди корҳои бунёкорию созандагӣ дар партави омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолест, ки бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумъазода дар ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Навобод ва Мирзо Ризо иншооти ҷашнӣ, аз қабили бунгоҳҳи саломатӣ, толори варзишӣ, сехи дӯзандагӣ, мағозаи хӯрокворӣ, сехи қаннодӣ, утоқи кори раиси маҳалла, дарвозаи деҳа ва чанд иншооти дигар мавриди истифода қарор гирифтаанд ва раиси шаҳр ба соҳибкорону сокинони бунёдкори ин маҳаллаҳо барои чунин амалҳои нек  ва созандагию бунёдкорӣ арзи сипос намуд.

Октябрь 9, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд