Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср дар умури кишварҳои Осиё Ториқ Ал-Васимӣ мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дипломати тоҷик дуруди роҳбарони Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии кишварро ба ҷониби Миср расонида, омодагӣ ва рағбати ҷониби моро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо кишвари дӯсти Миср таъкид намуд.
Дар вохӯрӣ ҷанбаҳо ва имконоти тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Ҷониби мисрӣ низ алоқамандии худро ба густариши робитаҳо ва ҳамкорӣ таъкид намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






