Аваз Қамчинов ва Раҳматулло Фузайлов — ғолибони моҳи сентябр дар Лигаи якуми Тоҷикистон оид ба футбол
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон бозингар ва мураббии беҳтарини чемпионати мамлакатро байни дастаҳои Лигаи аввал дар моҳи гузашта муайян кард.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои моҳи сентябр ҳамлагари дастаи «Ҳулбук» -и Восеъ Аваз Қамчинов беҳтарин бозингари Лигаи якуми Тоҷикистон эътироф шуд, ки дар се вохӯрӣ унвони бозингари беҳтаринро соҳиб шуда буд.
Беҳтарин мураббии моҳи сентябр дар Лигаи якуми мамлакат мураббии дастаи «Равшан» -и Зафаробод — Раҳматулло Фузайлов эътироф шуд. Таҳти роҳбарии ӯ дастаи «Равшан» дар як моҳи охир ҳафт бозӣ анҷом дода, дар 5 — то пирӯз шуд, як вохӯриро мусовӣ кард ва дар як вохӯрӣ шикаст хӯрд.
Лигаи футболи Тоҷикистон ғолибони моҳи сентябрро бо мукофотҳои пулӣ сарфароз хоҳад гардонид.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






