Беш аз 180 давлат ба ташаббуси тақсими ваксинаи зидди коронавирус пайвастанд

Октябрь 13, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  То ҳол бештар аз 180 кишвар ба механизми байналмилалии COVAX пайвастаанд. Дар ин бора 12 октябр корманди калони илмии СУТ Сумя Сваминатан ҳангоми брифинг изҳори назар кард, -хабар медиҳад ТАСС.

Мақсади механизм — таъмини одилонаи ҳамаи кишварҳо бо ваксинаҳои зидди  коронавирус пас аз пайдо шудани онҳо мебошад.

“Механизми COVAX ривоҷ меёбад. Ба он зиёда аз 180 кишвар, аз ҷумла Чин ҳамроҳ шудааст. Дар ин кишварҳо маҷмӯан 99% аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд”, — гуфт Сваминатан.

COVAX бунёди иншооти истеҳсолиро дастгирӣ мекунад ва ба харид машғул аст. Тибқи шартҳои барнома, кишварҳое, ки сатҳи баланди даромад доранд, маблағи хариди ваксинаҳоро пардохт мекунанд. Онҳо ба ин восита ба ин соҳа маблағгузорӣ ва ба давлатҳои маблағгузоришаванда кумак менамоянд.

Тибқи нақшаҳо, дар доираи механизм то охири соли 2021 бояд 2 миллиард доза ваксина истеҳсол ва баробар тақсим карда шавад.

                                                АКС аз манбаъҳои озод

Октябрь 13, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид