Бонки миллӣ ва БАТР беш аз 500 корманди низоми бонкиро ба омӯзиш фаро гирифтанд

Октябрь 28, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 28.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон даври навбатии машғулияти омӯзишии фосилавӣ дар ҳамбастагӣ ва иқдоми  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои  кормандони низоми бонкии мамлакат  доир гардид.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, машғулияти омӯзишӣ дар доираи Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР роҳандозӣ гардида, зимни он бартарияти маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо мавриди омӯзиши беш аз 500 нафар намояндагони низоми бонкӣ қарор гирифт.

«Ҳамкории минбаъдаи БАТР бо Бонки миллии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфта, дар оянда самтҳои гуногун ва фарохро фаро хоҳад гирифт»,- гуфт муовини директори департаменти БАТР оид ба кор бо институтҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зикр кард, ки БМТ дар ҳамкорӣ бо БАТР барои дастгирии бахши молиявии мамлакат якчанд лоиҳаи  муҳим амалӣ намуд, ки ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои иштирокчиёни бозори молиявии Тоҷикистон аз ҳамин қабил аст.

Давраи омӯзишии фосилавӣ яке аз қисматҳои барномаи «Дастгирии маблағгузории савдо» буда, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва салоҳияти мутахассисони бахши молиявӣ ҷиҳати хизматрасонии босифат ба мизоҷони бахши иқтисоди хориҷии Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар давраи омӯзишӣ роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова гуфт, ки Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР омода аст барои рушду нумӯи низоми бонкӣ ва маблағгузории савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои омӯзиширо бештар роҳандозӣ намуда, доираи шунавандагони онро зиёд намояд ва талошҳои якҷояи мо бо Бонки миллӣ тавонанд ба  рушди низоми молия саҳми арзанда дошта бошанд.

«Пандемияи COVID-19 моро барои мутобиқ шудан ба шароити гуногуни корӣ, идома додани фаъолият дар ҳамкорӣ баҳри пешрафти низоми молия, истифода намудани имконоти муосир, аз ҷумла кор дар фосила ва беш аз ҳама, омӯзиши фосилавӣ раҳнамун сохт. Маҳз дар доираи чунин имконоти муосир дар доираи Барномаи мусоидат ва рушди савдои БАТР мо қаблан тавонистем дар марҳилаи аввали таҳсил 200 нафарро ба омӯзиш фаро гирем ва имрӯз беш аз 500 нафар кормандони ташкилоти қарзӣ дар омӯзиши фосилавӣ ширкат варзида, тахассуси худро дар самти маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо такмил хоҳанд дод»,- афзуд роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон.

Намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ омӯзиши фосилавиро бомуваффақият хатм карда, соҳиби шаҳодатномаи Палатаи байналмилалии савдо оид ба тиҷорати байналмилалӣ «GoingGlobal» мегарданд.

Дар машғулият мутахассиси варзидаи молиявӣ (БАТР) Виталий Кисленко дар мавзӯи бартарияти маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо рӯнамоии худро манзури иштирокдорон  гардонид. Инчунин оид ба пешгӯии Палатаи савдои байналмилалӣ дар мавриди таъсири пандемияи COVID-19 ба бозори ҷаҳонии молиявии савдо, усулҳои пардохт дар савдои байналмилалӣ  ва нақши амалиёти ҳуҷҷатгузорӣ, қоидаҳои байналмилалии «Интеркомс 2020», афзалият барои кам кардани хавфҳо ва имкони гирифтани қарзи ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла интихоби маблағгузории рақобатпазир аз бонкҳои байналмилалӣ бо фоизи паст, намудҳои кафолати бонкӣ, мақсад ва бартарии онҳо маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд.

Ба иштирокдорони машғулият оид ба марҳилаҳои мубодилаи дороиҳо ва истифодаи дурусти фишангҳои маблағгузории савдо бо ҳавасмандкунӣ дар асоси шартҳои созишномаи тиҷоратии иқтисоди хориҷӣ, фарқияти байни шартҳои қарз ва фишангҳои маблағгузории савдо, аккредитивҳои байналмилалӣ ва кафолат, ҳудуд ва бартарияти шартномаҳо, тавсияҳои ниҳоӣ оид ба рушд ва истифодаи имконоти  Барномаи муосидат ва рушди савдои БАТР фаҳмонида дода шуд. Машғулияти омӯзишии фосилавӣ барои мутахассисони низоми бонкӣ дар самти пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ (фронт-офисҳо), кор бо хавфҳои бонкӣ, аз ҷумла назорати асъорӣ, сохторҳои қарзӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Октябрь 28, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2309 сомонӣ муқаррар шудааст