Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бори аввал шуъбаи табобати нурӣ ба кор даромад

Октябрь 20, 2020 09:11

ДУШАНБЕ, 20.10.2020//АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар назди Маркази саратоншиносии вилоят бори аввал шуъбаи табобати нурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар медиҳад имрӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Дар расми ифтитоҳи шуъбаи нав Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд.

Дар шуъбаи навтаъсис дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон дастрас ва васлу насб шудааст, ки асосан барои ташхис ва табобати бемориҳои саратон пешбинӣ гардидааст.

Бо ифтитоҳи шуъбаи табобати нурӣ ба Маркази саратоншиносии вилоят мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб шуда, хизматрасонии сатҳи баланди тиббиро ба беморон ба роҳ мондаанд.

Директори Маркази саратоншиносии вилояти Суғд Бахтиёр Орифов зикр дошт, ки акнун ба беморон муяссар мегардад, ки дар Маркази саратоншиносии вилоят табобати нурӣ гиранд. То ин дам беморон барои гирифтани чунин табобат ба маркази ҷумҳурӣ ё хориҷи кишвар мерафтанд.

Бо ифтитоҳи шуъба ва дастрасшавии таҷҳизот дар вилоят ба беморон шароит фароҳам омад, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии саратонӣ муҳайё гардид.

Шуъба дорои бист кати хоб буда, дар он шароити зарурии ташхису табобат фароҳам  оварда шудааст.

                                                   АКСҲО: МИҲД вилояти Суғд

Октябрь 20, 2020 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид