Дар ҷануби Тоҷикистон ба комиссияҳои даъватӣ барои фаъолияти хуб изҳори сипос намуданд

Октябрь 21, 2020 14:25

БОХТАР, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шӯрои вилояти Хатлон оид ба омӯзиши ҳуқуқии шаҳрвандон таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар толори конфронсҳои комиссариати ҳарбии Хатлон баргузор гардид, хабар медиҳад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Зикр карда шуд, ки то имрӯз нақшаи даъвати наваскарон дар вилояти Хатлон 90% иҷро шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз кормандони комиссияҳои даъватии Норак, Шамсиддин Шоҳин, Бохтар, Носири Хусрав, Данғара, Вахш, Хуросон, Қубодиён, Дӯстӣ барои сари вақт иҷро намудани нақшаи даъват, ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи даъвати наваскарон изҳори сипос намуд.

Дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик ва Ёвон низ маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба анҷом мерасад.

Октябрь 21, 2020 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид