Дар Боғи «Ғалаба»-и шаҳраки Ёвон бо баргузории намоиши идона ҷашни Меҳргон таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни фархундаи Меҳргон дар Боғи «Ғалаба»-и шаҳраки Ёвон намоиши идона баргузор гардид. Дар намоиш маҳсули заҳмати деҳқонони ноҳия, ҳунарҳои дастии донишҷӯёни коллеҷҳо, литсейҳои касбии техникӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ, фаъолзанони шаҳраки Ёвон ба маърази тамошо гузошта шуд, ки бинандаҳо ба онҳо баҳои баланд доданд.
Роҳбарон ва меҳмонони ноҳия зикр намуданд, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва густариш ёфтани як силсила арзишу суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла яке аз пуршукӯҳтарин ҷашнҳои ниёгонамон- иди Меҳргон барои ҳар сокини мамлакат мояи ифтихору сарфарозист. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб фаро мерасидааст. Мувофиқи ойини гузаштагон дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросими зиёде сурат мегирифт, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксари одамон кишоварзӣ буд.
Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.
Дар намоиши мазкур фарҳангиёни ноҳия ва барномаи консертии ансамбли тарона ва рақси «Субҳи Ёвон» табъи тамошобинонро шод гардониданд.








Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид






