Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот – кафили саодати мардум ва рушди босуботи мамлакат» ҳамоиш доир шуд

Октябрь 2, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  1 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот — кафили саодати мардум ва рушди босуботи мамлакат» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

 Дар ҳамоиш муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, аъзои Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Изатулло Маҳмудов, Раиси Комиссия оид ба воситаҳои ахбори оммаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода, намояндагон аз дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок дошта, доир ба паҳлуҳои алоҳидаи барномаи пешазинтихоботии номзад маълумот дода, онро ҳамаҷониба тарафдорӣ намуданд.

Ҳамоишро Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт» Насимҷон Каримзода ифтитоҳ намуда, аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуд.

Ҳамчунин иштирокчиёни ҳамоиш зимни суханрониҳояшон зикр  намуданд, ки  давлату ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани идораи давлат таҳдиди нобудии онро пешгирӣ, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор карданд, махсусан мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ташкил дода, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё сохтанд, ба сулҳу суботи миллӣ асос гузошта, гурезаҳо ва муҳоҷирони маҷбуриро ба Ватан баргардониданд. Яъне, асоси устувори бунёди ҷомеаи навро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар амал татбиқ карданд, манбаи ҳуқуқиву сиёсиро барои имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошта, барқарории сулҳро таъмин карданд, ба эҳёи миллӣ ва ибтидои корҳои нави бузург асос гузошта, ба таври қатъӣ вазъи иҷтимоиву иқтисоди аҳолиро беҳтар ва пули миллиро ҷорӣ карданд. Ҳамзамон эътибори сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардошта, дар роҳи татбиқи чор ҳадафи миллӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани давлат ва саноатикунонии мамлакат хизматҳои шоиста анҷом доданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмату талошҳои пайваста дар тамоми марҳилаи муосири давлатдории мо ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар анҷом дода, роҳи расидани мардумро ба саодати зиндагӣ ҳамвор намуда, дар ҷодаи рушди босуботи мамлакат заминаи устувор фароҳам овардаанд. Мардуми тоҷик ояндаи дурахшони худро аз бисёр  ҷиҳат бо номи ин абармарди саҳнаи сиёсат пайваст кардаанд.

Аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт» ва иштирокчиёни ҳамоиши тантанавӣ якдилона ҷонибдории худро аз номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз дошта, ба унвони ҳамаи ҳамҳизбиён ва сокинони мамлакат муроҷиатнома қабул карданд, ки матни он аз ҷониби муовини Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби «Пойтахт» Аслам Расулзода пешниҳод гардид.

Иштирокдорони ҳамоиш аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, то дар интихоботи дарпешистода ба номзади арзанда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кафили саодати мардум ва рушди босуботи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  раъй диҳанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш филми мустанад оид ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи ҳифзи давлати миллӣ, истиқрори сулҳу осоиш ва дастовардҳои мамлакат дар  самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ намоиш дода шуд.

Ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи калони фарҳангии устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони мамлакат ҷамъбаст гардид.

Дар зер матни Муроҷиатномаи аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон манзур мегардад:

«Ҳамҳизбиёни азиз!

Ватани азизи мо — Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаю ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои душвори наҷот, созандагӣ ва давлатсозиро гузашта, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ аз як кишвари гирифтори ҷанг ба давлати осуда ва соҳибихтиёру муосиру ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин шаҳомати давлатдорӣ ва дастоварди таърихии пурифтихори миллӣ барои ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар мояи ифтихори бузург аст.

Мардуми азизи Тоҷикистон фараҳманду ифтихорманд аз онанд, ки имрӯз давлати  мо таҳти роҳбарӣ ва ҳидояти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шоҳроҳи басо печидаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ қадамҳои устувор ниҳода, Тоҷикистонро ҳамчун бахши баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қатори давлатҳои пешоҳанги ташаббусҳои созанда табдил додааст.

Саҳифагардонии таърих нишон медиҳад, ки боварӣ ва эътимод ба қишри ҷавони ҷомеа яке аз омилҳои муваффақияти роҳбарон ва давлатҳо будааст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша эътимоди худро нисбат ба ҷавонон изҳор дошта, ҳама гуна пешрафту шукуфоии давлатро бо саҳму ташаббуси онҳо пайванд дониста, дар татбиқи нақшаҳои созандаи имрӯз низ ҷавононро ҳамфикр мешуморанд, ки бешубҳа, нишонаи рушди устувори ояндаи мамлакат аст.

Ба неруву қудрати зеҳнӣ, навовариву ташаббускории мо — насли ояндасоз, пеш аз ҳама, Пешвои муаззами миллат бовар доранд, ки ин ифтихори бузург ва таҷрибаи бесобиқа аст.

Ҳамватанони гиромӣ,

Дастгириву ғамхориҳои Сарвари давлат моро дар кори ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, эҳтироми таъриху тамаддун ва ташаббускорӣ дар ҷабҳаҳои бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон дилгарм ва фараҳманд гардонидааст. Аз ин рӯ, бо дарки ин масъулият ҷиҳати бунёди ҷомеаи боз ҳам созгор ва зиндагии шоистаи мардуми мамлакат бо истифода аз донишу малака ва неруву тавони тозаамон пайваста кӯшиш ва талош меварзем.

Ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ дониста, набзи ҳаёт ва талаботи замонро пайваста дарк месозему аз манфиатҳои миллату амнияти давлати соҳибистиқлоламон бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя месозем. Зеро дар мактаби бузурги ватанпарварӣ ва давлатдории Пешвои муаззами миллатамон тарбият ёфтаем.

Мо дарк менамоем, ки қувва, дониш ва малакаи инсон ҳудуди муайяни худро дорад, вале таъриху таҷриба собит намуд, ки бо истифода аз мактаби ободкорию созандагӣ ва меҳнатдӯстии Пешвои миллат Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар як муддати кӯтоҳ шукӯҳи шоҳонаи пойтахти азизамонро симои тозаву идона бахшида, тамоми шароити заруриро ҷиҳати таълиму тарбия ва пешбурди тарзи ҳаёти солим фароҳам оварданд.

Мо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”бо як ҷаҳон таассуроти саршор аз шодию фараҳ миннатдории самимонаи худ ва тамоми ҳамсафони худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи ҳаёт иброз менамоем.

Ҷонибдории худро ҷиҳати дастгирии номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кафолати саодати мардум ва рушди босуботи давлат якдилона иброз намуда, Пешвои миллатро бовар мекунонем, ки аз имрӯз дида Ватани маҳбубамонро бештару сидқан дӯст медорем ва манфиатҳои миллиамонро дар ҳама ҳолат ҳифз месозем.

Донишу маърифати хешро мутобиқ ба талаботи ҷаҳону замони муосир пайваста баланд бардошта, бо пайравии содиқона аз Пешвои худ дар роҳи ҳифзи Ватан ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистони азиз боз ҳам заҳмат мекашем.

Мо ифтихор аз ин дорем, ки дар маркази Барномаи интихоботии номзади арзандаи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам манфиатҳои олию ниёзҳои ҳаётии мардуми Тоҷикистон, яъне ватандорӣ, истиқлол, ваҳдат, субот, рушд, ободонӣ, зиндагии шоиста, илму маърифат ва эҳёи миллӣ қарор доранд. Мафҳум ва арзишҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти худ на танҳо пойбандии худро ба онҳо нишон додааст, балки тамоми фаъолияти худро ба татбиқи амалии онҳо бахшидааст.

Аз ин рӯ, мо бо камоли боварӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, таъкид менамоем, ки имрӯз ҷонибдорӣ аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз шукӯҳу ифтихори миллӣ, ҷонибдорӣ аз ваҳдати миллӣ ва суботи устувори ҷомеа, ҷонибдорӣ аз сиёсати созандагию ободкорӣ ва ҷонибдорӣ аз ояндаи боэътимоди давлат мебошад. Бинобар ин, маҳз ба хотири ватани ободу осуда, зиндагии хурраму шоиста ва ояндаи рӯшани худ дар интихоботи пешистодаи президентӣ ҳама якдилона аз шахсияти таърихии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ менамоем».

Октябрь 2, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид
«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид