Дар Хатлон озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои қадрдонии ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 131 ҳазор сомонӣ ва Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 166 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ғолибони ҷойи аввал бо 5000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, 27 октябр дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими ҷамъбасти даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид.
Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар пеш аз оғози маросими ҷоизасупорӣ намоиши асарҳо аз рӯйи чор номинатсияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», яъне асарҳои бачагона, китобҳо аз адибони классик, асарҳои шоирону нависандагони муосири тоҷик, намунаҳо аз адабиёти ҷаҳонӣ, инчунин асарҳои тозатаълифу арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ иштирокдоронро аз номи раиси вилояти Хатлон ба муносибати пирӯзӣ ва иштироки фаъолонаашон дар озмунҳо шодбош гуфт, зикр намуд, ки соли равон шумораи иштирокчиёни озмуни даври вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 637 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба озмуни соли гузашта 272 нафар зиёд мебошад. Агар соли 2019 40 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта бошанд, имсол ин теъдод ба 83 нафар расида, 96 нафар иштироки фаъолона нишон додаанд.
Аз шумораи иштирокчиён 482 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 3 нафар хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, 30 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 122 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, дар доираи талаботи озмун оид ба хондан ва аз ёд намудани осори манзум ва мутолиаи асарҳои мансур малака ва истеъдод нишон доданд.
Озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани донишандӯзӣ, завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ равона гардида, иштироки фаъолонаи нафақагирон ва модарон аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Ҷайҳун, Фархор, Ховалинг ва Муъминобод назаррас буд. Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун намояндагони ноҳияи Данғара, Фархор, Ховалинг ба гирифтани ҷойҳои дуюм ва сеюм ва дар номинатсияи шоирӣ довталаб аз ноҳияи Ҷайҳун ба гирифтани зинаи сеюм мушарраф гардид.
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди пандемия ва хурӯҷи бемории сироятии коронавирус дар мамлакат даври якуми озмун нимаи дуюми моҳи апрел дар маркази деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳрак ҷамъбаст гардида, даври дуюми он дар маркази шаҳру ноҳияҳо моҳи июли соли равон гузаронида шуд. Аз рӯйи 5 номинатсия 5100 нафар дар озмун иштирок намуданд.
Ҷараёни озмун аз тарафи комиссияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, намояндагони вазорату кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба роҳ монда шуд.
Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон хубу хотирмон доир шуданд.











Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд






