Дар Маҷлиси намояндагон се Созишнома ба тасвиб расид

Октябрь 8, 2020 12:10

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи молиявӣ аз воситаҳои Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва Рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушдро мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Созишномаи мазкурро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакили мардумӣ Гулбаҳор Назирӣ муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин Созишнома дар шароити вазнини иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, ки бо сар задани пандемияи Ковид-19 ба миён омадааст, барои ҳалли мушкилоти молиявии давлат, таъмини музди меҳнат, уҳдадориҳои иҷтимоии давлат тавассути дастгирии Буҷети давлатӣ равона гардидааст.

Маблағи Созишнома 50,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, он аз ҳисоби Бонки Авруосиёии Рушд қарзи имтиёзнок ба муҳлати 20 сол бо муҳлати имтиёзии 10 сол ва меъёри хизматрасонии 0,25 фоиз барои соли аввал ва 1,0 фоиз барои солҳои минбаъда пешниҳод карда мешавад.

Маблағҳои қарзи молиявӣ барои рӯйпӯш намудани касри буҷети давлатӣ, бахусус барои маблағгузории хароҷоти буҷет, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» пешбинӣ шудаанд, равона мегардад.

Зимни баррасии Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод иброз намуданд, ки Созишномаи мазкур аз дебоча ва 18 модда иборат буда, бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, ки метавонад ба осудаҳолӣ ва таҳкими амнияти миллии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат намояд, инчунин арзёбии таҷрибаи мусбати чандинсолаи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар доираи амалисозии шартномаҳои бисёртарафа ва дутарафа, аз ҷумла тақозои зарурат ба амалҳои ҳамоҳангшудаи Тарафҳо ба имзо расидааст.

Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ зимни баррасии Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) зикр карданд, ки мақсади асосии Созишнома барои рушди равобити тиҷоратии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ тавассути пешниҳод намудани маблағҳо барои тиҷорат ва иштирок дар фаъолияти байнибонкӣ, тиҷоратӣ, инчунин мусоидат дар таҳкими савдои байналмилалӣ мебошад.

Маблағгузорӣ асосан барои рушди тиҷорат ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти аввалиндараҷа равона мегардад.

Тибқи Созишнома, Корпоратсияи мазкур мақсад дорад, ки дар се соли минбаъда барои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 150,0 млн. доллари амрикоиро бе кафолати давлатӣ (ба истиснои корхонаю ташкилоти давлатӣ) ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои болозикр амалӣ намояд.

Масъалаи ниҳоии рӯзнома-лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирҷон Аминзода ва вакили мардумӣ Равшан Раҷабзода муаррифӣ намуда, таъкид намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати амалӣ сохтани нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 тасдиқ гардидааст, бо мақсади таъмини саривақтии баррасии парвандаҳои иқтисодӣ таҳия шудааст.

Тибқи лоиҳа, ба қисми 7 моддаи 157 (Мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ) ҷумлаи дуюм илова карда мешавад:  «Пас аз ба муҳокимаи судӣ таъйин кардани парванда муҳокимаи судӣ наметавонад аз се маротиба зиёд мавқуф гузошта шавад».

Октябрь 8, 2020 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ муҳокимаи парлумонӣ доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд
Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ иштирок намуд
«ПЕШВОИ САНГАРШИКАНИ МИЛЛАТСОЗ». Дар Душанбе китоби нав рӯнамоӣ гардид