Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз моҳи марти соли равон оғоз гардидааст, ки дар ин муддат корҳои ҳамворкунии қитъаи замин, бунёди таҳкурсии иншоот ва васлу насби Парчам ва Нишони давлатӣ ба анҷом расонида шуд.
Айни замон корҳои сабзкорӣ, сафолакпeчии роҳравҳо ва ободонии атрофи онҳо идома доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун нақша доранд, ки иншооти мазкурро то таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, ин маконро барои баргузории барномаҳои фарҳангию сиёсӣ омода намоянд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






