Дар Суғд бори аввал Ҳафтаи илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз 26 то 31 октябри соли равон дар вилояти Суғд бори аввал Ҳафтаи илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон гузаронида мешавад.
Масъулини Маркази таҳсилоти иловагии вилоят иброз доштанд, ки дар доираи Ҳафтаи илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон ташкили озмунҳои вилоятии «Беҳтарин кори илмӣ-таҳқиқотӣ аз фанҳои дақиқ», «Тирамоҳи заррин», «54-умин Олимпиадаи техникони наврас», «Олимпиадаи робототехника ва барномасозӣ» ба нақша гирифта шудааст.
Ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои нави лаёқатманд ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари кӯдакон ва наврасон ба рушди фанҳои дақиқ мебошад.
Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ баргузории силсиламулоқот ва конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Рушди фанҳои дақиқ — тақозои замон» дар назар аст.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






