Дар Тоҷикистон моҳи фосилавӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва иқлими сабз оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти германӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) аксияи фосилавии «Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз« эълон намудааст.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, амалиёти моҳона 24 октябр оғоз гардида, ба рушди иқлими сабз ҳамчун бахши шарикӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ тибқи уҳдадориҳои Созишномаи байналмилалии Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Конвенсияи гуногунии биологӣ равона шудааст. Он бо якчанд тадбирҳои фосилавӣ, аз қабили мусобиқаҳои ҳунарӣ, викторинаҳо ва маърӯзаҳои коршиносон идома ёфта, бо мубоҳисаҳо бо иштироки намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ 21 ноябри соли 2020 ба поён мерасад.
“Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” бар пояи эҷоди тафаккури пешрафта оид ба масъалаҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳон рӯйи даст гирифта шудааст. Ҳадафи ташаббуси номбурда боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва огоҳӣ оид ба масъалаҳои мазкур буда, аз тариқи чорабиниҳои фосилавӣ дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он дастрас мебошад. Амалиёти мазкур дар доираи амалисозии мавзӯъҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва иқлим бо санадҳои миллии мамлакат мутобиқ мебошад.
Тағйирёбии иқлим ба оқибатҳои коҳиши муҳити зист шиддат бахшида, ба баъзе бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст дар раванди банақшагириҳои соҳавӣ мисли тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷират ин масъала ба инобат гирифта шавад.
GIZ ба намояндагӣ аз Вазорати федералии Германия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ва Вазорати муҳити зист, ҳифзи табиат ва амнияти ҳастаӣ идораи устувори захираҳои табииро бо шарикони миллӣ ва маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Он тавассути чанд лоиҳа ба талошҳои якҷоя ҷиҳати ҳимояти муҳити ягонаи Осиёи Миёна, боло бардоштани сатҳи зиндагӣ дар деҳот ва тобоварии физикӣ ва иҷтимоӣ тақвият мебахшад.
Амалиёти “Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” дар нигоҳ доштани иқлими муътадили Тоҷикистон саҳм мегузорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






