Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ суҳбати онлайнӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Доир ба самти солимии модару кӯдак дар Тоҷикистон муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо Роҳбари Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака вохӯрии онлайнӣ доир намуд.
Дар ин бора аз маркази мутбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода зимни суҳбат доир ба ҳамкории вазорат бо Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар самти солимии модар ва кӯдак сухан гуфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкории дуҷониба дар самти таъмини солимии модар ва кӯдак табодули афкор намуда, ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар ин самт ҳавасмандии хешро иброз доштанд.
Роҳбари Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака роҷеъ ба саҳми Ҳукумати Япония дар татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ тавассути Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






