15 ОКТЯБР – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДАСТОНИ ТОЗА. Ҳар рӯз аз «бемории дастони чиркин» панҷ ҳазор кӯдак ба панҷсолагӣ нарасида, мефавтанд
ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ба иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Фонди кӯдаконаи СММ — ЮНИСЕФ ҳар рӯз дар ҷаҳон аз бемории диарея ё чунон ки онро «бемории дастони чиркин» меноманд, панҷ ҳазор кӯдак ба панҷсолагӣ нарасида, мефавтанд. Аксари ин кӯдаконро метавон аз марг наҷот дод, агар мо ба кӯдакон шустани дастҳоро омӯзонем».
Ин иқтибос аз мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло аст, ки дар робита ба Рӯзи умумиҷаҳонии дастони тоза иншо шудааст. Дар идомаи он шоир суннати аҷдодии мардуми тоҷик будани тозагию озодагӣ ва шустани дастонро ёдрас шуда, менависад:
-Шустани дасту рӯ, тоза нигоҳ доштани бадан, риояи тозагии шахсӣ суннати деринест, ки садсолаҳо инҷониб халқи тоҷик онро пайваста риоя намуда, ба одоби ҳамарӯзаву ҳамешагӣ табдил додааст. Дар хонадони тоҷикон тибқи одоби тоҷикӣ аз хоб хеста, дасту рӯ нашустан, дасту рӯи ношуста ба сари дастархон нишастан тасаввурношуданӣ ва аз одоб берун буда, аз ҷониби калонсолон сахт маҳкум мегардад.
Ба шустушӯ ва ҳамеша тоза нигоҳ доштани узвҳои бадан дар хонадони тоҷикӣ чунин амалиёт дохил мешаванд: дастҳоро бо собун камаш се маротиба шустан, обгардони даҳон ва бинӣ, шустани дандонҳо, тоза гаштан, пӯшидани либоси тоза, сари вақт иваз кардани либоси бадан… ва ғайра. Яъне, ин одат ва ё одобест, ки ҳанӯз аз кӯдакӣ волидон дар оила ба фарзандони худ ёд медиҳанд.
Дар меҳмондории тоҷикон пеш аз вориди хона шудани меҳмон ва ҳангоми гусели ӯ ҳатман аз офтоба ба дастонаш об мерезанду дастмол ба дасташ медиҳанд. Иҷрои ҳар кори дигар, ҳар амалиёт бо шустани дастҳо оғоз меёбаду бо шустани дастҳо анҷом мепазирад ва ин суннат садсолаҳо дар байни мардуми тоҷик роиҷ аст.
Тозагӣ ва нигоҳубини тифли навзод низ дар хонадони суннатии тоҷикон таълимот ва тартиби худро дорад, ки аз таълимоти имрӯзии тибби касбӣ камие надорад, балки баракс, шояд бартариҳо ҳам дошта бошад. Масалан, дар гаҳвора нигоҳ доштани тифл низ аз суннати озодагон аст. Ин суннат замоне аз ҷониби баъзеҳо маҳкум мегардид, аммо имрӯз исбот метавон кард, ки баръакс, мусоидат мекунад, ки тифл пайваста тозаву покиза ва бехатар нигоҳ дошта шавад ва нумӯи ҳамешагии ӯ, парвариши дасту пову сараш беайб сурат бигирад.
Имрӯзҳо ҳам дар байни мардуми тоҷик, хусусан кӯҳистониён суннате боқӣ мондааст, ки иҷозат намедиҳад барои бӯсидани тифл лабу даҳон ба лабу рӯйи кӯдак баранд. Бӯсидани тифл чунин сурат мегирад, ки шахси калонсол, албатта, наздикон дар назар дошта мешаванд, аввал ангушт бар рӯйи тифл мебаранду баъд онро ба лаби худ мегузоранд. Иҷрои чунин суннатҳои воло буд, ки дар он замонҳои мозӣ тифлакон дар шароити кӯҳистон, ки на ҳамеша мутахассисони баланди тиббӣ ва шифохонаҳо дошт, солиму бардам тарбият меёфтанд. Ва беморшавии зиёди кӯдакон чун дар имрӯз, хусусан бемориҳои сироятӣ, хеле камтар ба назар мерасид.
Бинобар ҳамин вақте ки дар саросари дунё 15 октябр Рӯзи умумиҷаҳонии дастони тоза ҷашн гирифта мешавад, мо, тоҷикон бо сарфарозӣ метавонем гӯем, ки шустушӯи дасту рӯ ва риояи тозагии шахсӣ аз расму одоб ва суннатҳои дерини миллати мост, ки дастурҳои хоси худро дошта, садсолаҳо инҷониб риоя мешаванд.
Бемориҳои хатарноки сироятие, мисли COVID – 19, ки ахиран фоҷиаҳои гароне бар сари одамизод овардаву мардуми дунёро ба таҳлука андохтаанд, моро аз нав ҳушдор медиҳанд, ки бори дигар масъалаи риояи тозагӣ ва беҳдошти шахсиро дар зиндагии ҳамарӯзаи одамон дар мадди аввал бигузорем. Ва ба ин сабаб имрӯз риояи тозагиву озодагии инсонҳо, эҳтиёт аз вирусҳо, ки аксар ба сабаби риоя накардани гигиенаи шахсӣ, сари вақт нашустани дастҳо, эҳтиёт накардан дар ҷомеаи гирифтори пандемия ба вуҷуд омадаву меафзоянд, беш аз ҳарвақта аҳамият пайдо кардаву ҳатто тақдирсоз гаштааст.
Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии дастони тоза бори дигар ба ёд овардан ва хотиррасон кардани ин ҳақиқат аст, ки ин амали одии гигиенӣ- шустани дастҳо яке аз воситаҳои тавонои пешгирии якчанд бемориҳои хатарнок ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои калонсолон аст.
Азбаски дар дунё беш аз дувуним миллиард инсон, аз ҷумла 980 миллион кӯдакон бе канализатсия (системаи қубур ва корезҳо барои партофта дур кардани ифлосиҳо) зиндагӣ доранд ва ҳоҷаташонро дар ҳар ҷои даркору нодаркор раво медоранд, азбаски надоштани дастрасӣ ба мабразҳо онҳоро гирифтори як қатор бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои диарейӣ мекунад, ки дар олами сеюм аз ҷиҳати гирифторӣ ба марги кӯдакон дар ҷойи дуюм меистад ва азбаски бо собун шустани дастҳо пеши роҳи аз инсон ба инсон гузаштани бактерияҳо, вирусҳо ва паразитҳоро, ки ҳаёти одамонро дар хатар мегузоранд, мегирад, маҳз барои ҳамин бори аввал соли 2008 бо ташаббуси СММ 15 октябр Рӯзи умумиҷаҳонии дастони тоза эълон гардидааст.
Ҳамин як амали одии ҳамарӯза – шустушӯи дастҳо на танҳо қодир аст кӯдаконро аз бемориҳои инфексионии зиёде эмин дорад, балки метавонад бисёре аз одамонро аз марг наҷот диҳад. Аз ин рӯ коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Фонди кӯдаконаи СММ- ЮНИСЕФ ҳозиранд аз субҳ то шом шиори “дасҳоятонро бишӯед”-ро такрор кунанд, зеро ҳар рӯз аз бемории диарея, ё чунон ки боз онро “бемории дастони чиркин” меноманд, панҷ ҳазор кӯдак ба панҷсолагӣ нарасида, мефавтанд.
-Аксари ин кӯдаконро метавон аз марг наҷот дод, агар мо ба кӯдакон шустани дастҳоро омӯзонем. Солҳои охир рӯйхати бемориҳои аз сабаби вуҷуд надоштани шароити санитарию гигиенӣ бавуҷудоянда зиёд гардидааст,- мегӯяд коршиноси ЮНИСЕФ Тереза Дули.
Одати бо собун шустани дастҳо метавонист муқовимати бадани кӯдаконро ба муқобили бемориҳои гузаранда ва зуком афзунтар созад. Дар маҷмӯъ ин амал метавонад сатҳи бемориҳои сироятиро то 23 фоиз кам намояд. Барои кӯдакони синни болотар, аз панҷ то понздаҳсола бо собун шустани дастҳо теъдоди гирифтории бемории илтиҳоби шуш ва зуком (шамолхӯрдагӣ)-ро ду баробар кам гардонад.
“Одатан мо ба кӯдакон мефаҳмонем, ки аввал дастҳоро дар об тар кунанд ва баъдан хуб собун зананду ба ҳамдигар ақаллан 20 сония соиш диҳанд. Шустани дастҳо бо собун роҳи аз ҳама одӣ ва осону арзони пешгирии бемориҳои кӯдакона аст”, -мегӯяд Тереза Дули.
Дар нахустин Рӯзи умумиҷаҳонии дастони тоза беш аз 120 миллион кӯдакон дар кишварҳои Осиё ва якчанд миллион кӯдакони африкоӣ иштирок доштанд, -меафзояд бо ифтихор Тереза Дули.
Шустани дастҳо дар назари баъзеҳо як амали одӣ ва начандон зарур метобад. Аммо гап сари он аст, ки қариб 80 фоизи ҳама сироятҳо тавассути дастрасонӣ мегузарад. Ва ин амали одӣ- бо собун шустани дастҳо хатари гирифтор шудан ба бемориҳои сироятиро кам месозад. Акнун чанд тавсия:
ДАСТҲОРО ДАР КАДОМ ҲОЛАТҲО БОЯД ШУСТ?
Пеш аз хӯрдани таом.
Пеш аз омодасозии таом.
Баъд аз расонидани даст ба гӯшти хом ва ё моҳӣ.
Баъд аз ҳоҷатхона.
Баъд аз бозгашт аз кӯча.
Баъд аз атса задан.
Баъд аз муомила бо ҷонварон.
Баъд аз аёдати беморон
Баъд аз рӯбучини хона.
Пеш ва баъд аз коркарди захмҳо.
Баъд аз баровардани партов.
КАДОМ ТАРЗИ ШУСТАНИ ДАСТҲО ДУРУСТ АСТ?
Ба далели таҳқиқот, на ҳама одамон бо тарзи дуруст даст мешӯянд. Тарзи дурусти шустани дастҳо чунин аст:
Ҷумаки обро боз кунед ва ҳарорати обро мӯътадил созед.
Ба дастҳоятон собун молед.
Агар шумо дар ҷойи бегона даст мешӯед, ба дастаки кран низ собун занед, вагарна баъд аз шустани даст, шуморо лозим меояд, ҷумакро маҳкам кунед ва дигарбора даст ба дастак расонед.
Боз як бори дигар ба дастонатон собун занед, то аз собун кафки ғасф падид ояд.
Дастҳоятонро на кам аз 30 сония бо соиши ҳарчи бештар бишӯед. Хусусан ба қабати байни ангуштон, ба қисми кафи даст, пушти даст ва зери нохунҳо аҳамият диҳед.
Ангуштони кӯчаки собунолудро ба сӯрохии бинӣ бурда, димоғро низ хуб тоза кунед.
Се маротиба ғарғараи гулӯро бо об аз ёд набароред.
Сипас собунро покиза бишӯед.
Ҷумакро маҳкам намоед.
Бо дастмоли тоза дастҳоро хушконед.
Дар як рӯз 6 -10 маротиба шустани дастҳо хатари гирифтории шахсии шуморо аз бемориҳои сироятие, монанди COVID – 19 ё зуком кам мегардонад.
Ҳарорати об ҳангоми шустани дастҳо омили ҳалкунанда нест. Самаранокӣ ва таъсирбахшии пешгирии микробҳо аз сифату шиддати ба ҳамдигар соиш додани дастҳо вобастагӣ дорад. Хушкондани дастҳо низ дар ин амал нақши ҳалкунанда дорад, зеро пӯсти тар бактерияҳоро осонтар ба худ мегирад. Бисёр мутахассисон коғази тоза ва дастмолҳои матоиро тавсия медиҳанд, зеро хушккунакҳои ҳавоӣ, баръакс, хатари гирифторӣ ба вирусҳоро чандин маротиба бештар мегардонанд.
Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»