ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИК. Маъданҳои шаҳдараит ва ҳасановит дар ҷаҳон бори аввал дар Тоҷикистон кашф шуданд

Октябрь 12, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.   Дар ҷаҳон бори аввал дар  ҳудуди Тоҷикистон мавҷуд будани маъданҳои шаҳдараит ва ҳасановит исбот шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи www.mindat.org.

Тибқи иттилои сомонаи мазкур, ин ду маъдан, ки дар ҷаҳон маълум набуданд, бинобар пажӯҳиши олимони маъданшинос аз ҷониби Комиссияи байналмилалии маъданшиносӣ ба расмият шинохта, тасдиқ ва эътироф намуданд.

Тавре роҳбари гурӯҳи таҳлили усулҳои физикӣ-кимиёвии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Манучеҳр ШОДИБЕК ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ хабар дод, маъдани шаҳдараит дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ аз ҷониби олимони тоҷик Л. Паутов, М. Мираков, Е. Соколова, М. Дей С, Ф. Хоторн, М. Шодибеков, М. Саймудасири Маҳмадшариф, В. Карпенко ва А. Файзиев дар якҷоягӣ бо олимони Федератсияи Россия ва Канада кашф гардид. Маъдани ҳасановит дар рустои Равати ноҳияи Айнӣ ошкор карда шуда, ҷиҳати пажӯҳиши ин маъдан олимони тоҷик – М. Мираков, Л. Паутов, О. Сийдра, П. Плечов ва дигарон машғули коранд.

«Маъданҳои дастрасшуда метавонанд барои иқтисоди ҷумҳурии мо манфиати амалӣ дошта бошанд», — гуфт номбурда.

Шаҳдараит вобаста ба ҷойи пайдоиш ва  ҳасановит бо исми яке аз профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳасан Сайфуллоев, ки  дар соҳаи геология-петрография саҳми арзишманд дорад, номгузорӣ шудаанд.

Октябрь 12, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд