Файласуфи маъруфи тоҷик Муҳаммадқул Ҳазратқулов даргузашт
ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Файласуфи маъруфи тоҷик, доктори илми фалсафа, сарходими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, мутахассиси соҳаи таърихи фалсафа ва рушди афкори маънавӣ профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов дар синни 76 аз олам даргузашт. Пайвандонаш мегӯянд, ки марги файласуф барояшон ногаҳонӣ буд, зеро ӯ то дирӯз солим ва сари кор буд.
Муҳаммадқул Ҳазратқулов 5 ноябри соли 1944 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1967 ба поён расонда, дар вазифаҳои корманди илмӣ ва мудири шуъбаи Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), муаллим ва мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқу фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.
Профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов доир ба фалсафаи Шарқ тадқиқоти зиёде таълиф намудааст. Аввалин таълифоти ӯ ба муайян намудани афкори фалсафии яке аз файласуфони асрҳои миёна Садриддини Шерозӣ бахшида шуда буд. Минбаъд ӯ ба таҳқиқи эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам ва таъсири он ба фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ пардохт.
Роҷеъ ба равияву мазҳаб ва фирқаҳои исломӣ низ таҳқиқоти пурарзише дорад ва китоби «Тасаввуф» — и номбурда беҳтарин адабиёти дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва ҳаводорони афкори маънавист.
Ин муҳаққиқи варзида бахшида ба эълон намудани соли 2006 – Соли тамаддуни ориёӣ тадқиқоти муфассале бо номи «Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ» нигошт, ки он асари нисбатан бузургҳаҷм буда, таърифи тамаддуни ориёиҳо, сайри таърихӣ ва мавҷи ҳаракати ориёиҳо ба Осиёи Марказӣ, ҳамчунин интишори минбаъдаи онҳо ба Шарқ, Ғарб то сарзаминҳои Скандинавияро аз дидгоҳи фалсафӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба ифтихори Соли бузургдошти Имоми Аъзам М. Ҳазратқулов «Ислом ва Абуҳанифа» ном таҳқиқоте ба анҷом расонд, ки дар он ташаккули мазҳаби суннӣ ва моҷароҳои ақидатӣ, инкишофи илми каломи аҳли суннат, таълимоти мазҳаби Абуҳанифа, мақому манзалати ӯ дар усули илми фиқҳ ва шогирдони Абуҳанифа дар интишори мазҳаби суннӣ тасвир шудааст. Ҷиҳатҳои ҷолиби ин китоб назарияи қиёс ва истеҳсони Абуҳанифа мебошад, ки ҳанӯз ҳам аҳамияти худро аз даст надодааст.
Дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз низ саҳми Муҳаммадқул Ҳазратқулов зиёд аст. Беш аз чил сол аст, ки ӯ перомуни ҷашни Наврӯз дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳои зиёде навишта, хонандагонро бо ин ҷашни фархундапай шинос месозад. Соли 2012 устод китобе таҳти унвони «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол» таълиф намуд, ки аввалин асари бузургҳаҷм дар миқёси ҷумҳурӣ дар бораи ҷашни Наврӯз аст.
Дар он муаллиф сабабҳои пайдоиши Наврӯз ва дигар идҳои суннатии солро баррасӣ намуда, нақши бузурги робитаи табиат ва инсонро ҳамчун унсури асосии тамаддуни ориёӣ ошкор ва сабабҳои ҷаҳонишавии Наврӯзро як ҳодисаи муҳими фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзёбӣ намудааст.
Зимнан дар китоби мазкур баъзе масоили фалсафӣ, ҷаҳонбинӣ ва кайҳоншиносӣ аз назари таҳлил гузаштаанд.
Муҳаммадқул Ҳазратқулов яке аз муҳаққиқони маъруфу шинохтаи таърихи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ — ахлоқии халқҳои форсу тоҷик аз замонҳои қадим то даврони муосир ба шумор меравад.
Ба қалами ӯ бештар аз 8 китобу монографияҳои калонҳаҷм тааллуқ доранд.








Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд






