ФУТБОЛ. Дастаҳои «Локомотив-Помир» ва «Регар-ТадАЗ»-и Лигаи олӣ Чемпионати Тоҷикистонро тарк намуданд
ДУШАНБЕ, 5.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр мавсими соли 2020-и Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Ба ҳамин тартиб дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе -чемпион, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд соҳиби медалҳои нуқра ва КМВА соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон гардиданд. Дастаҳои футболи «Локомотив- Помир»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар ҷамъбаст зинаҳои 9-ум ва 10-умро ишғол карда, ин Лигаро тарк карданд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дастаи футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе дар бозии охирини худ дар шаҳри Кӯлоб дар баробари дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо натиҷаи 1:0 мағлуб гардид ва охирин фурсати дар Лигаи олӣ боқӣ монданро барбод дод. Дастаҳои футболи КМВА ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар сафар бо дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода қувва санҷида, ба пирӯзӣ сарфароз гардиданд ва дар зинаҳои сеюм ва чорум боқӣ монданд. Ба ҳамин тартиб, мавсими футболи соли 2020 дар Лигаи олии Тоҷикистон хотима ёфт.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум
«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 4:0
Голҳо: Илҳом Баротов, 22 (1:0). Илҳом Баротов, 65 (2:0). Илҳом Баротов, 71 (3:0). Абдураҳмон Қурбонов, 87 (4:0).
«Файзканд» – «Душанбе-83» – 1:1
Голҳо: Люк Менҷана Леонел, 16 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 72 – пеналти (1:1).
«Локомотив-Помир» – КМВА – 3:2
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 31 –пеналти (0:1). Азизбек Ҳасанов, 56 (1:1). Озодбек Панҷиев, 60 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 69 (2:2). Манучеҳр Сафаров, 87 (3:2).
«Хатлон» — «Истиқлол» — 1:1
Голҳо: Рустам Соиров, 45+2 (0:1). Кароматулло Саидов 47 пеналти (1:1).
«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 1:2
Голҳо: Тоҳир Малодустов, 37 (1:0). Мбеке Сиебатчеу Диеудони, 49 (1:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 56 – аз пеналти (1:2).
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон 26-27 сентябр баргузор мешаванд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум
«Хуҷанд» – КМВА – 1:2
Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 68 (1:0). Алишер Баротов, 76 – (худгол) (1:1). Шервони Мабатшоев, 80 (1:2).
«Файзканд» – «Локомотив-Помир» – 1:0
Голҳо: Ҳоҷиакбар Узоқов, 90+4.
«Душанбе-83» – «Истиқлол» – 1:2
Голҳо: Агблей Ҷонс, 38 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 74 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 84 (1:2).
Регар-ТадАЗ» – «Куктош» – 2:4
Голҳо: Нозим Бобочонов, 17 (1:0). Мбеке Диеудони, 26 (1:1). Азизбек Султонов, 58 (1:2). Ёкубчон Ахмедов 69 – (худгол) (1:3). Мбеке Диеудони, 89 (1:4). Фатхулло Бобоев, 90+4 –пеналти (2:4).
«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:1
Голҳо: Илхом Баротов, 60 –пеналти (1:0). Тони Бикатал, 64 (1:1).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
|
ДАСТАҲО |
Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
| 1 | «Истиқлол»(Душанбе) | 18 | 14 | 3 | 1 | 61-11 | 45 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 18 | 11 | 2 | 5 | 30-23 | 35 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 18 | 8 | 5 | 5 | 29-25 | 29 |
| 4 | «Куктош» (Рӯдакӣ) | 18 | 7 | 7 | 4 | 30-24 | 28 |
| 5 | «Хатлон» (Бохтар) | 18 | 6 | 8 | 4 | 27-24 | 26 |
| 6 | «Душанбе-83″ (Душанбе) | 18 | 5 | 5 | 8 | 20-29 | 20 |
| 7 | «Файзканд» (Восеъ) | 18 | 4 | 7 | 7 | 17-31 | 19 |
| 8 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 18 | 4 | 5 | 9 | 29-38 | 17 |
| 9 | «Локомотив-Помир»(Душанбе) | 18 | 3 | 5 | 10 | 14-26 | 14 |
| 10 | «Регар-ТадАЗ»(Турсунзода) | 18 | 3 | 3 | 12 | 21-47 | 12 |
Беҳтарин нишонзанҳо: Илҳом Баротов («Истаравшан») – 18 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 16 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб, Рустам Соиров («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 8 тӯбӣ, Шодибек Ғаффоров, Шервонӣ Мабатшоев (ҳар ду – КМВА), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон») – 7-тӯбӣ, Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83») – 6 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»), Умарҷон Шарипов, Худойдод Узоқов (ҳар ду – «Хатлон»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров («Куктош»), Мбеке Диеудонӣ («Куктош»/«Истаравшан»), Агблей Ҷонс («Душанбе-83») – 5-тӯб








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






