Футбол. «Эсхата»-и Хуҷанд ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозии мавқуфмондаи даври 16-уми Лигаи якуми мамлакатро баргузор намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи Спартаки шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон хотима ёфт. Бо ин пирӯзӣ дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ҷадвали умумии мусобиқа зинаи дуюмро ишғол намуда, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Муборизаи дастаҳо дар ду даври боқимонда барои дарёфти медалҳои тилло идома меёбад.
Хотиррасон мешавем, ки дар ин рақобат дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳайати дуюмаш вориди майдон гардид, зеро таваҷҷуҳи асосии даста ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, равона шудааст.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 20-ум
«Шоҳмансур» – «Ҳосилот» – 1:4
Голҳо: Хайрулло Азизов, 10 (0:1). Нурулло Маҳмудов, 31 – аз пеналтӣ (0:2). Комрон Салимов, 35 (0:3). Амриддин Раҳимов, 43 (1:3). Хайрулло Азизов, 77 (1:4).
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ : Хайрулло Азизов («Ҳосилот»).
«Ваҳдат» – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:2
Голҳо: Ҳасан Рустамов, 12 (0:1). Наврӯз Рустамов, 67 (0:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Ҳасан Рустамов («Равшан», Кӯлоб).
«Ҳулбук» – «Барқчӣ» – 1:0
Гол: Аваз Камчинов, 45 – аз пеналтӣ.
Беҳтарин бозингари сабқат: Аваз Камчинов («Ҳулбук»).
«Саройкамар» – «Моҳир» – 2:2
Голҳо: Акмалҷон Авазов, 42 (1:0). Соҳибҷон Ваҳобов, 51 (2:0). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 53 (2:1). Дилшод Тағоев, 86 (2:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Баҳровар Ҳалимов («Моҳир»).
«Равшан» (Зафаробод) – «Панҷшер» – 3:0
Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 19 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 29 (2:0). Хурсандмурод Ҷумъаев, 43 – аз пеналтӣ (3:0).
Беҳтарин бозингари рақобат: Бахтиёр Зарипов («Равшан», Зафаробод).
«Исфара» – «Эсхата» – 1:4
Голҳо: Ҷӯрабой Исоев, 13 (0:1). Мубинҷон Муъминов, 22 (0:2). Мубинҷон Муъминов, 35 – аз пеналтӣ (0:3). Ҷӯрабой Исоев, 68 (0:4). Суҳробҷон Сабуров, 76 (1:4).
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ : Мубинҷон Муъминов («Эсхата»)
Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум
Даври мавқуфмондаи 16-ум
«Эсхата» – «Равшан» (Кӯлоб) – 3:0
Голҳо: Мубинҷон Муминов, 66 (1:0). Боҳирҷон Сангинбоев, 68 (2:0). Амирҷон Раҳимов, 82 (3:0).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | «Равшан» (Кӯлоб) | 20 | 16 | 0 | 4 | 68-34 | 48 |
| 2 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 20 | 14 | 1 | 5 | 54-31 | 43 |
| 3 | «Панджшер» ( Ҷалолиддин Балхи) | 20 | 10 | 5 | 5 | 49-26 | 35 |
| 4 | «Равшан» (Зафарабад) | 20 | 10 | 5 | 5 | 41-25 | 35 |
| 5 | « Ҳулбук» (Восеъ) | 20 | 10 | 3 | 7 | 37-31 | 33 |
| 6 | «Ҳосилот» (Фархор) | 20 | 8 | 3 | 9 | 35-36 | 27 |
| 7 | «Моҳир» (Ёвон) | 20 | 8 | 3 | 9 | 46-60 | 27 |
| 8 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 20 | 7 | 5 | 8 | 47-36 | 26 |
| 9 | «Барҳчи» ( Ҳисор) | 20 | 8 | 1 | 11 | 36-38 | 25 |
| 10 | «Саройкамар» (Панҷ) | 20 | 6 | 5 | 9 | 40-45 | 23 |
| 11 | «Исфара» (Исфара) | 20 | 6 | 1 | 13 | 29-50 | 19 |
| 12 | «Шоҳмансур» (Душанбе) | 20 | 0 | 2 | 18 | 13-83 | 2 |
Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 26 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 20 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18-тӯбӣ.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 21-ум
20 октябр
«Барқчӣ» – «Саройкамар»
«Ҳосилот» – «Ваҳдат»
21 октябр
«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳ улбук»
«Моҳир» – «Равшан» (Зафарабад)
«Эсхата» – «Шоҳмансур»
«Панҷшер» – «Исфара»
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 22-ум
«Равшан» (Зафарабад) – «Исфара»
«Шоҳмансур» – «Панҷшер»
«Ваҳдат» – «Эсхата»
« Ҳулбук» – «Ҳосилот»
«Саройкамар» – «Равшан» (Кӯлоб)
«Моҳир» – «Барқчӣ»








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






