ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба Чемпионати Осиё-2020 шурӯъ кард
ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе омодагиро ба қисмати финалии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 2 то 13 декабри соли равон дар Кувайт баргузор мешавад, оғоз кард. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Александр Дзабирадзе ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ, ки то 10 октябр идома меёбад, 18 бозингар – 3 дарвозабон ва 15 бозингари майдонро даъват кардааст.
Дар 16-умин Чемпионати Осиё оид ба футзал дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Ветнам ва Уммон ҳастанд. Панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 ба 9-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал, ки соли оянда дар Литва доир мешавад, роҳхат мегиранд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар ҶМТ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»);
Бозингарон: Муҳаммад Шарипов, Умед Кузиев, Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гуляков, Баҳодур Хоҷаев, Иқбол Воситзода, Парвиз Раҳматов, Алишер Сафаров (ҳама аз «Сипар»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳар ду аз «Муҳоҷир»).
Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






