Иқдоми «шаҳри сабз»-и Рустами Эмомалӣ Душанбеи гулпӯшро боз ҳам хуррамтар мегардонад

Октябрь 1, 2020 11:46

ДУШАНБЕ, 01.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шинонидани дарахт, бунёди боғу сабзазоркунии муҳити зист дар баробари номи нек гузоштан ба фарзанд ва тарбияи он яке аз суннатҳои беҳтарини мардуми мост.

Ёдовар мешавем, ки 23 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Точикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун нишони ҳамраъйии сокинони пойтахт бо пешниҳоди наҷибе баромад намуданд  ва бо мақсади боз ҳам сабзу хуррам  гардонидани шаҳри Душанбе аз ҳар оилаи сокини пойтахт даъват ба амал оварданд, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисти худ як дарахти ҳамешасабз шинонида, онро парвариш намоянд.

Пешниҳоди мазкурро метавон давоми мантиқии сиёсати хирадмандона ва созандаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ва беҳдошти муҳити зист арзёбӣ намуд.

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти давлатамон тавассути аз ҷониби ҳар шаҳрванд шинонидани дарахтони ҳамешасабз ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, неруи кормандони Академияи миллии илмҳоро барои амалӣ намудани ин иқдоми наҷиб ҳаматарафа равона месозад.

Дар ин бора аз Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зикр гардид, ки Раиси шаҳри Душанбе – пойтахти давлати Тоҷикистон таъйин гардидани Рустами Эмомалӣ рӯйдоди муҳим дар фаъолияти шаҳрдории мамлакат аст, зеро дар таърихи давлатдории миллӣ бори аввал аз қишри ҷавони ҷумҳурӣ намояндае ба сифати раиси шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид. Рустами Эмомалӣ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ба ин кори бузург- навсозии пойтахти тоҷикон неру ва таровати ҷавонӣ овард. Пойтахти давлати мо бо суръату ҷилои ҳайратангез наву дигаргун мешавад ва симояшро ба таври куллӣ иваз мекунад. Душанбе на фақат ба бузургшаҳри боҳашамати саноатӣ, балки ба шаҳри гуворои илму фарҳанг, фароғат, сайру саёҳат низ табдил ёфтааст.

Мояи ифтихор аст, ки тӯли солҳои охир тавассути фаъолияти созандаю бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти давлати мо ба яке аз шаҳрҳои дилрабою сабзи дунё табдил ёфтааст ва зебоии он ҳар сайёҳу шаҳрванди хориҷиро мафтун мегардонад.

Воқеан, мардуми тамаддунофар ва фарҳангпарвари тоҷик тӯли садсолаҳо ба зироаткорӣ, боғдорӣ, ба вуҷуд овардани навъҳои беҳтарини зироати кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда, гулу буттаҳои ороишӣ саҳм гирифта, ҳамеша барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист саъю кӯшиш менамоянд. Ободкорию созандагӣ, зебою озода нигоҳ доштани шаҳру деҳоти мамлакат суннатҳои фарҳангсолори миллати қадимии моро  тақвият мебахшанд.

Сабзазоркунии боғу гулгаштҳо, хиёбону кӯча ва гулбоғу гулгаштҳои  шаҳри Душанбе на танҳо пойтахти давлати моро зебою дилрабо мегардонад, балки вазъи экологии шаҳрро дар ҳолати муътадил нигоҳ медорад. Дарахту буттаҳои сабз барои инсон муҳити мусоиди зист фароҳам оварда, шароити меҳнат ва истироҳати аҳолии шаҳрро беҳтар мегардонанд.  Растаниҳои сабз муҳити зистро бо оксиген, ки ҳастии ҳаёт дар сайёра ба он вобаста аст,  ғанӣ мегардонанд. Собит гардидааст, ки як дарахти андозааш миёна  давоми 24 соат миқдори оксигенеро ки аз ҷониби 3 нафар одам истифода бурда шудааст, барқарор менамояд. Давоми як шабонарӯз дар 1 га ҷангалзор 220-280 кг гази дуоксиди карбон фурӯ ва 180-220 кг оксиген тавлид карда мешавад. Меъёри муносиби истифодаи оксиген барои 1 нафар 400 кг дар 1 солро ташкил медиҳад, ки  ин миқдор оксигенро  0,1-0,3 га дарахту буттаҳо ҳосил мекунанд.  Дарахту буттаҳои сабз дар шаҳр микроиқлими хосса ба вуҷуд меоранд ва аз ҳад зиёд гармшавии замин, девори биноҳо, роҳгузарҳоро таъмин намуда, барои истироҳату фароғати шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меоранд.

Аз Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки олимони  соҳавии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  омодаанд дар интихоби дарахтон ва тарзи шинонидану парвариши онҳо ба сокинони  пойтахт кумаки илмию методӣ расонида, ин иқдоми некро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намоянд.

Октябрь 1, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд