Иқдоми «шаҳри сабз»-и Рустами Эмомалӣ Душанбеи гулпӯшро боз ҳам хуррамтар мегардонад
ДУШАНБЕ, 01.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шинонидани дарахт, бунёди боғу сабзазоркунии муҳити зист дар баробари номи нек гузоштан ба фарзанд ва тарбияи он яке аз суннатҳои беҳтарини мардуми мост.
Ёдовар мешавем, ки 23 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Точикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун нишони ҳамраъйии сокинони пойтахт бо пешниҳоди наҷибе баромад намуданд ва бо мақсади боз ҳам сабзу хуррам гардонидани шаҳри Душанбе аз ҳар оилаи сокини пойтахт даъват ба амал оварданд, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисти худ як дарахти ҳамешасабз шинонида, онро парвариш намоянд.
Пешниҳоди мазкурро метавон давоми мантиқии сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ва беҳдошти муҳити зист арзёбӣ намуд.
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти давлатамон тавассути аз ҷониби ҳар шаҳрванд шинонидани дарахтони ҳамешасабз ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, неруи кормандони Академияи миллии илмҳоро барои амалӣ намудани ин иқдоми наҷиб ҳаматарафа равона месозад.
Дар ин бора аз Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зикр гардид, ки Раиси шаҳри Душанбе – пойтахти давлати Тоҷикистон таъйин гардидани Рустами Эмомалӣ рӯйдоди муҳим дар фаъолияти шаҳрдории мамлакат аст, зеро дар таърихи давлатдории миллӣ бори аввал аз қишри ҷавони ҷумҳурӣ намояндае ба сифати раиси шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид. Рустами Эмомалӣ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ба ин кори бузург- навсозии пойтахти тоҷикон неру ва таровати ҷавонӣ овард. Пойтахти давлати мо бо суръату ҷилои ҳайратангез наву дигаргун мешавад ва симояшро ба таври куллӣ иваз мекунад. Душанбе на фақат ба бузургшаҳри боҳашамати саноатӣ, балки ба шаҳри гуворои илму фарҳанг, фароғат, сайру саёҳат низ табдил ёфтааст.
Мояи ифтихор аст, ки тӯли солҳои охир тавассути фаъолияти созандаю бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти давлати мо ба яке аз шаҳрҳои дилрабою сабзи дунё табдил ёфтааст ва зебоии он ҳар сайёҳу шаҳрванди хориҷиро мафтун мегардонад.
Воқеан, мардуми тамаддунофар ва фарҳангпарвари тоҷик тӯли садсолаҳо ба зироаткорӣ, боғдорӣ, ба вуҷуд овардани навъҳои беҳтарини зироати кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда, гулу буттаҳои ороишӣ саҳм гирифта, ҳамеша барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист саъю кӯшиш менамоянд. Ободкорию созандагӣ, зебою озода нигоҳ доштани шаҳру деҳоти мамлакат суннатҳои фарҳангсолори миллати қадимии моро тақвият мебахшанд.
Сабзазоркунии боғу гулгаштҳо, хиёбону кӯча ва гулбоғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе на танҳо пойтахти давлати моро зебою дилрабо мегардонад, балки вазъи экологии шаҳрро дар ҳолати муътадил нигоҳ медорад. Дарахту буттаҳои сабз барои инсон муҳити мусоиди зист фароҳам оварда, шароити меҳнат ва истироҳати аҳолии шаҳрро беҳтар мегардонанд. Растаниҳои сабз муҳити зистро бо оксиген, ки ҳастии ҳаёт дар сайёра ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонанд. Собит гардидааст, ки як дарахти андозааш миёна давоми 24 соат миқдори оксигенеро ки аз ҷониби 3 нафар одам истифода бурда шудааст, барқарор менамояд. Давоми як шабонарӯз дар 1 га ҷангалзор 220-280 кг гази дуоксиди карбон фурӯ ва 180-220 кг оксиген тавлид карда мешавад. Меъёри муносиби истифодаи оксиген барои 1 нафар 400 кг дар 1 солро ташкил медиҳад, ки ин миқдор оксигенро 0,1-0,3 га дарахту буттаҳо ҳосил мекунанд. Дарахту буттаҳои сабз дар шаҳр микроиқлими хосса ба вуҷуд меоранд ва аз ҳад зиёд гармшавии замин, девори биноҳо, роҳгузарҳоро таъмин намуда, барои истироҳату фароғати шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меоранд.
Аз Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки олимони соҳавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омодаанд дар интихоби дарахтон ва тарзи шинонидану парвариши онҳо ба сокинони пойтахт кумаки илмию методӣ расонида, ин иқдоми некро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намоянд.








31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд






